Хадамоти сарҳадбонии Лаҳистон (Полша) 4 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард, ки тибқи маълумоти Агентии амнияти дохилии ин кишвар, аз фаъолияти “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҷонибдорӣ мекарданд. Дар ин бора Gazeta.pl хабар медиҳад.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа (PR)-и назди вазир-ҳамоҳангсози хадамоти махсуси Лаҳистон Станислав Жарин хабар додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 7-уми май ба ҳабс гирифта шудаанд.

“Маводи Агентии амнияти дохилӣ нишон медиҳад, ки хориҷиён “фаъолияти созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро писандида, онро дастгирӣ мекунанд”. Онҳо мебоист барои фаъолияти минбаъдаи террористӣ шахсонеро, ки мазҳаби худро тағйир дода, исломро пазируфтаанд, ҷалб мекарданд”, - афзудааст Жарин.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади ихроҷи минбаъда ва ба рӯйхати афроди номақбул дар қаламрави Лаҳистон ва минтақаи Шенген ворид кардани онҳо, боздоштшудагон дар маркази Хадамоти сарҳадбонӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

“Чорабиниҳо бар асоси муқаррароти Қонун дар бораи хориҷиён ва Қонун дар бораи фаъолияти зиддитеррористӣ амалӣ шуд”, - қайд мешавад дар изҳороти роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.