То шоми 26 октябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 819 нафар расид. Ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи душанбе 43 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар як шабонарӯзи охир 62 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9951 (92,0%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  81 нафар фавтидаанд.

Гуфта мешавад, ки аз ин беморӣ дар 4-5-рӯзи ахир мавриди марг сабт нашуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия то кунун 81 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.