Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бурҳониддини Раббонӣ раисҷумҳури собиқи Афғонистон ва Қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки фармони сарфароз гардонидани ду шахсияти миллии Афғонистон, имрӯз, 2 сентябр ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, онҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шудаанд.
Бояд гуфт, ки ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо фармони президенти Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи ин ҷоиза оавардааст, ки "Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд. Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст".
Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд ҳаккокт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.

Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” - тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I - 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.
Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Никогда не принимала лекарства». Секреты долголетия 120-летней Басимо Тураевой из Ховалинга
Токаев распорядился создать в Казахстане Агентство по атомной энергии
Представители посольства Таджикистана в РФ посетили мигрантов в центре временного содержания в Егорьевске
Оперуполномоченного МВД Таджикистана в Хатлоне обвинили в мошенничестве на $20 тысяч
Подстанции в Таджикистане и Кыргызстане свяжет единая ЛЭП
Рамшед и его старатели. Как инженер-программист из Худжанда червей разводит
Трамп сообщил о согласованных элементах соглашения с Россией
Главы МИД стран ЕС не договорились о новой помощи Украине
Без карнавала, но с салютом. Как в Душанбе отметят Навруз-2025?
Фермерам Таджикистана выделяют 133 миллиона сомони: Увеличить производство мяса, яиц, рыбы и меда
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста