Бархе кормандони ширкатҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, телевизионҳои давлатии кишвар наворҳои таблиғотии онҳоро, ки иштирокчиёнаш бо риш аст, бидуни пешниҳоди санади ҳуқуқӣ нашр намекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз Кумитаи телевизион ва радио мегӯянд, чунин маҳдудият аз ҷониби телевизионҳо пешбинӣ нашудааст ва ин талаби онҳо асос надорад.

Як намояндаи ширкати тиҷоратӣ ба “Азия – Плюс” гуфт, чанд рӯз пеш барои нашри навори таблиғотӣ ба яке аз телевизионҳои давлатӣ муроҷиат карданд, вале онҳо аз сабаби он ки муҷрии навор риш дошт аз пахши он худдорӣ карданд Сабабашро талаботи Кумитаи телевизион ва радио шарҳ додаанд.

- Ҳарчанд худи телевизионе, ки мо барои онҳо навори таблиғотӣ омода кардем, ба мо муроҷиат карда, шартнома бастанд, ки мо наворро пешниҳод кунем. Вале баъди пешниҳоди навор гуфтанд, аз сабаби он ки дар навори таблиғотӣ яке аз иштирокчиён риш дорад, онҳо наметавонанд, онро пахш кунанд. Ба ман шарҳ надоданд, ки дар робита ба ин масъала ягон қарор, фармон ё санади ҳуқуқие қабул шудааст ё не", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъи мо гуфт, ҳарчанд кӯшиш намуд, ба онҳо фаҳмонад, ки  байни рише, ки характери динӣ дораду рише, ки характери  имиҷсозӣ дорад фарқ гузоранд, вале онҳо гуфтанд, намедонанд супориш аст, ки чунин наворҳоро нашр наккунанд.

Ӯ мегӯяд, чунин монеагузорӣ дар пахши наворҳои таблиғотӣ бори аввал нест, пештар низ онҳо ба чунин монеаҳо рӯ ба рӯ мешуданд.

Аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфтанд, чунин тасмиме дар кори телевизионҳо нест ва дар ин бора ягон қарори дахлдор ё сандаи ҳуқуқие қабул нашудааст.

- Агар дар навори таблиғотӣ меъёри ахлоқӣ риоя нашавад, манъ мекунанд. Вале барои риш чунин маҳдудият нест. Дар телевизион формати муайян ҳаст, масалан, либос, чеҳра, одоби сухан ва қоидаҳои имло бояд пурра риоя шавад. Дар он формат дар бораи риш умуман чизе гуфта нашудааст, - гуфт сӯхангӯи Кумитаи телевизион Иброҳим Аҳмадов.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯйи Кумитаи телевизион ва радио

Аз бахши рекламаи телевизиони “Сафина” ҳам гуфтанд, ки чунин маҳдудият дар кори онҳо нест ва чандин наворҳои таблиғотии ширкатҳои тиҷоратӣ имрӯз, дар телевизиони онҳо нашр мешавад, ки ширкаткунандагон риш доранд.

Манъи наворҳои таблиғотӣ бо иштироки нафаре, ки риш дорад, дар ҳолест, ки ба ҷуз мӯйсафедон, ҳоло дар телевизионҳои давлатӣ нафароне, ки риш доранд, тақрибан нишон дода намешавад.

Дар Тоҷикистон дастури расмии манъи риш вуҷуд надорад. Мақомот таваҷҷуҳи аз ҳад беши мардҳо ба ришро ба боло рафтани ҳавои мазҳабгароӣ рабт медиҳанд. Шаҳрвандон мегӯянд, мақомот бо истифода аз мубориза бо тундгароӣ озодиҳои онҳоро маҳдуд мекунанд.

Баҳси риш на танҳо дар телевизион, балки дар дигар мавридҳо ҳам ба назар мераксад. Маслан, чанде пеш баҳси риш дар шиносномаҳо доғ шуда буд. Рӯзноманигори тоҷик Далери Имомалӣ ба далели доштани риш натавонист, шиноснома ё корти ҳувияти нав бигирад. Мақомот гуфта буданд, ки он расман манъ нест, вале бояд тарошид ва баъд шиноснома гирифт.

Ҳамин тариқ, ҷудо аз баҳси риш миёни муллоҳо, чанд сол пеш бархе мақомот пешниҳод карданд, ки барои солхӯрдаҳои аз 50-сола боло иҷоза дода шавад, ки риши то 3-сантиметрӣ дошта бошанд. Аз ҷумла Вазорати маориф дар соли 2009 гуфта буд, ки омӯзгорони то 50-сола набояд риш дошта бошанд ва аз 50-солаҳо боло метавонанд риши то 3-сантиметрӣ дошта бошанд.

Дар соли 2012 Шӯрои уламои Тоҷикистон бо дастури Кумитаи дини кишвар андозаи ришро барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ мушаххас карда буд. Ин Шӯро гуфта буд, ки бар асоси мазҳаби ҳанафӣ марди мусалмон метавонад риш ба андозаи мушти худ дошта бошад.

Ҳамчунин, солҳои пеш расонаҳо аз рейди мақомот ба хотири ба танзим даровардани риши мардон хабар медоданд. Ҳатто тобистони соли 2015 Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфта буд, ки дар зарфи як сол риши 12 ҳазору 818 нафарро "бо тартиб" дароварданд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама заду бандҳо, то кунун дар Тоҷикистон на дар сатҳи қонун ва на дар сатҳи сандаҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ, гузоштани риш манъ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.