Имрӯз, пас аз мулоқоти расмии роҳбарон ва ҳайатҳои ду кишвар, президентҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории дӯстона, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар самти маориф, илм ва технологияҳои нав, амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.

Ҳарчунин, таъкид гардид, ки зимни мулоқот оид ба вазъияте, ки дар Афғонистон, дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ ва СAАД ба вуҷуд омадааст, табодули афкор сурат гирифтааст.

Гуфтан лозим аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Александ Лукашенко ба Тоҷикистон миёни ду кишвар 10 санади нави дуҷониба имзо шуд:

⭕️ Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва  Минск барои солҳои 2023-2024.

⭕️ Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;

⭕️ Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

⭕️ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Беларус дар самти мубориза бо коррупсия;

⭕️ Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

⭕️ Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2022-2026;

⭕️ Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;

⭕️ Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;

⭕️ Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Беларус;

⭕️ Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Беларус.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.