Ду додрас - Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шуданд.

Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонро имзо кард.

Дар бораи кадом кирдори судяҳо сухан меравад, хадамоти матбуоти сарвари давлат маълумот надодааст.

Бояд гуфт, қаблан низ раиси ҷумҳур чандин додрасро айнан барои паст задани “шаъну эътибори судя” аз кор озод кардааст, аммо дар аксари  ҳолатҳо гуфта намешавад, ки додрасҳои барканоршуда кадом кирдори пастзанандаи эътибори судяро содир кардаанд.

Ҳамчунин, Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.