Масъулини шабакаҳои тақсимоти барқ ва гармидиҳии шаҳри Душанбе сабаби қатъи якбора ва сартосарии барқу гармидиҳӣ дар пойтахтро ба садама дар хатҳои баландшиддати системавӣ (магистрали)-и ҷумҳурӣ рабт доданд, ки дар натиҷа 1,5-2 соат дар тамоми пойтахт барқу гармӣ набуд.
Тақрибан соати 11:10-и рӯзи 1-уми марти соли 2024, дар нахустин рӯзи фасли баҳор, қариб дар ҳамаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар тамоми шаҳри Душанбе, интиқоли қувваи барқ якбора барои ҳудуди 2 соат қатъ шуд. Он замон мақомот сабаби қатъи сартосарии барқро дар кишвар ва махсусан дар пойтахт расман шарҳ надоданд.
Бо гузашти чанде Парвиз Қутбиддинзода, масъули Шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт ва Ҳамза Ҳокимзода, масъули шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе дар як барномаи ТВ “Душанбе” вазъи бавуқӯъомада ва омилу сабабҳои онро шарҳ доданд.
Аз ҷумла, Қутбиддинзода гуфт, сабаби асосии қатъи якбора ва сартосарии барқ дар пойтахт садама дар хатҳои баландшиддати системавии ҷумҳурӣ буд, ки пойтахтро 1,5-2 соат бебарқ гузошт.
Ӯ афзуд, сабаби садама дар хатҳои баландшиддати системавӣ сарбории зиёд дар таҷҳизоти барқрасонӣ аст, зеро сокинони кишвар, аз ҷумла аҳолии пойтахт дар пайи якбора сард шудани ҳаво ва резиши зиёди барф аз нерӯи барқ бамаротиб зиёд истифода карданд.
Ӯ ба таври мушаххас нагуфт, ки садама маҳз дар кадом қисмати хатти баландшиддати системавии кишвар рух додааст. Танҳо гуфт, чунин садамаҳо ҳатто дар кишварҳои тараққикарда низ дар ҳолати якбора сард шудани ҳаво ва шамолу боронҳои шадид рух медиҳад.
Номбурда сабаби тӯл кашидани бебарқӣ дар пойтахтро бартарафкунии мураккаби садамаи баамаломада арзёбӣ кард.
Вай гуфт, дар ҳолати сар задани садамаҳои барқӣ нишондиҳанди асосӣ вақт аст, ки ҳар як садамаи барқӣ талаботи хоси баратрафкунии худро дорад.
“Вақте садамаҳои барқии техникӣ дар системаи энергетикӣ ба вуҷуд меояд, дар фосилаҳои кутоҳтарин бартараф кардан ғайриимкон аст. Танҳо васлкунии дилхоҳ системаи энергетикӣ барои аз дигар самт бо барқ таъмин кардан, раванди мураккабро талаб мекунад”, - гуфт Қутбиддинзода.
Чаро гармӣ қатъ шуд?
Бояд гуфт, ки дар пайи қатъи барқ дар пойтахт сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармидиҳӣ ва оби ошомиданӣ низ шикоят карданд.
Дар ин барнома, Ҳамза Ҳокимзода, як масъули Шабкаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе сабаби қатъи интиқоли гармиро ба набудани барқ вобаста кард, ки ба воситаи барқ пойгоҳҳои насосӣ гармиро ба баландошёнаҳои пойтахт мерасонанд.
“Барои дубора пайваст кардани бинову иншоотҳо бо гармӣ вақти муайян зарур аст. Ҳоло барои барқарор кардани нерӯи гармӣ ба хонаҳои сокинон ба таври шабонурӯзӣ корҳо идома дорад. Қисме аз биноҳои ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансур пурра бо гармӣ таъмин шуданд. Дар қисмати биноҳои боқимонда корҳои таъмирӣ идома дорад, ки дар муҳлати кутоҳтарин бо гармӣ пайваст мешаванд”, - шарҳ дод ин масъули шабкаҳои гармидиҳии пойтахт.
Дар ҳамин ҳол, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол аз таъмин нашудани хонаҳояшон бо нерӯи гармӣ шикоят мекунанд.
Шабакаҳои тақсимоти барқ: “Дар пойтахт “лимит” нест”
Парвиз Қутбиддинзода дар робита ба сари вақт шарҳ надодани ҳодисаи охир тавассути ВАО аз сӯи ин ниҳод посухи рӯшан надод, танҳо гуфт, “ҳар муроҷиате, ки аз ҷониби ВАО мешавад, сари вақт посух медиҳанд”.
Ин масъули шабакаҳои барқӣ хабарҳо дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият ё “лимт”- и барқ дар пойтахтро рад кард ва гуфт, танҳо “хароҷоти шабонарӯзии нерӯи барқ якбора афзудааст ва ҳамин ҳолат баъзе ҳолатҳои садамавиро ба вуқуъ овардааст”.
Ин масъули шабакаҳои барқи пойтахт барои дар оянда такрор нашудани чунин ҳолат ба такрор аз сокинон хоҳиш кард, ки барқро самаранок истифода баранд.
Барфи чандрӯза кори комиссияи зимистонгузарониро ба ҳам зад?
Бояд гуфт, ки рӯзи 1-уми март дар як вақт бо пойтахт дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар интиқоли барқ қатъ шуд. Хонандагони “Азия-Плюс” аз қатъи нерӯи барқ дар Хуҷанд, Кӯлоб ва бархе аз навоҳии вилояти Суғду Хатлон хабар доданд.
Он замон ҳеҷ ниҳоди масъул, аз ҷумла Вазорати энерегетика ва захираҳои об, “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои тақсимоти барқи кишвар, аз ҷумла филиали ин ниҳод дар шаҳри Душанбе, ки масъули тақсимоти барқ дар кишваранд, сабаби қатъи барқро шарҳ надоданд.
Танҳо як манбаъи “Азия-Плюс” аз НБО “Норак” гуфта буд, сабаби қатъи сартосарии барқ садама дар кори ин неругоҳ аст. Он замон мо натавонистем ин хабарро расман ё аз манобеи дигар таъйид ё рад кунем.
Вале рӯзи 29-уми феврал, як манбаъ аз шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки сабаби қатъи барқ дар пойтахт ин ба таври назаррас кам шудани оби обанбори “Норак” аст.
Ӯ, ки баъди шарҳи масъала аз гуфтани ному насбаш худдорӣ кард, таъкид намуд, ки ҳадаф сарфаи об барои истеҳсоли нерӯи барқ дар рӯзҳои оянда аст.
Ёдрас мекунем, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20-уми сентябри соли гузашта нерӯи барқ бо маҳдудият интиқол мешавад. Мардум шабонарӯз ҳамагӣ 8-9 соат - субҳ 3 соат ва шаб 5-6 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар ин робита изҳор намуд, ки муҳлати бекор шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ ҳоло маълум нест.
Раҳбарияти Вазорати энергетика низ сабаби маҳдудияти интиқоли барқро афзоиши босуръати иқтисоди кишвар ва тағйирёбии иқлим маънидод карда буданд.
Қатъи сартосарии барқ дар тамоми кишвар дар ҳолест, ки комисияи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ҳамасола аз омодагии хуб ҳисобот медиҳад. Аммо, чанд рӯзи сард собит намуд, ки масъулини дахлдори кишвар барои зимистонгузаронӣ омода набудаанд.
Эмомали Рахмон высказал интерес к расширению инвестиций Кувейтского фонда развития в экономику Таджикистана
«Китай может предложить лучшие условия». В России озаботились конкуренцией на образовательном рынке Центральной Азии
ООН: Женщины находятся на переднем крае борьбы с засухой
В Кувейте состоялась презентация книги «Таджики» на арабском языке
Эхсони Панджшанбе проведет следующий сезон в Узбекистане
Граждан Пакистана задержали в Душанбе за продажу фальшивых золотых монет
В России зарегистрировали рекордное за 20 лет число терактов
В Таджикистане ожидается резкое похолодание: температура упадет до 7-9 градусов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 ноября 2024 года
Эмомали Рахмон призвал принять Конвенцию по борьбе с международным терроризмом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста