Боздиду санҷиши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон давоми соли 2024 дар чанд зиндону тавқифгоҳҳои кишвар як қатор камбуду норасоиҳо, аз ҷумла таъмин нагардидани дастгиршудаҳо бо ғизо, фарсуда будани биноҳо, нарасидани ҷойҳои корӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва набудани марказҳои мутобиқшавии зиндониёни собиқро ошкор кардааст.

Шакли пурраи маърӯзаро дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед. Муҳимтарин нукоти онро дар матлаби зер пешкаш менамоем.

 

Таъмин набудан бо ғизо, биноҳои фарсудаву камбуди ҷойи кор...

Ин ниҳод дар маърӯзаи солонаи худ навиштааст, давоми соли 2024 аз зиндон ва тавқифгоҳҳои шаҳру навоҳии Душанбе, Истаравшан, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Истиқлол, Ашт ва Мастчоҳ боздид карда, бо ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат) ошхона, чойхона ва ҷойи кори маҳкумшудагон шинос шудааст. 

Ваколатдор навиштааст, боздоштшудаҳо дар баъзе шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Мастчоҳ ва Ашт аз ҷониби хешовандонашон бо ғизо таъмин мегарданд. Нафароне, ки аз манотиқи дуранд, “аз ҳисоби шахсии кормандони тавқифгоҳҳо” бо ғизо таъмин мегардидаанд.

Масъулини ин тавқифгоҳҳо сабаби чунин ҳолатро пешбинӣ нашудани маблағгузорӣ дар нақшаи хароҷоти ВКД барои таъмини ғизо гуфтаанд. Назари Вазорати корҳои дохилӣ вобаст ба ин ҳолат маълум нест.

Камбуди дигаре, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар натиҷаи санҷиш муайян кардааст, куҳнаву фарсуда будани бинои тавқифгоҳи шаҳри Истаравшан ва ба талабот ҷавобгӯ набудани ҳолати беҳдошти шуъбаҳои ВКД дар навоҳии Мастчоҳ ва Ашт будааст.

 

Муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр дар Ваҳдат. 20 майи соли 2019
Asia-Plus

Ин дар ҳолест, ки дар гузориши ин ниҳод аз бунёди биноҳои иловагӣ дар зиндонҳо ва таъмиру навсозии бинои онҳо гузориш дода мешавад. Дар маърӯза омадааст, дар зиндону тавқифгоҳҳои кишвар биноҳои иловагӣ, хобгоҳ, биноҳои беҳдоштӣ, заводи хишти пухта, майдончаи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли собуни хоҷагӣ, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти зарфшӯӣ ва собун бунёд шуда, барои бо ҷойи кор таъмин намудани зиндониён ва фароғати онҳо шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Аммо зиндониён зимни суҳбат бо намояндагони ин ниҳод аз нарасидани ҷойҳои корӣ дар муассисаҳо арз кардаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърӯзаи худ навиштааст, бо вуҷуди он ки ин ниҳод ҷиҳати боздид аз зиндонҳо ба унвони ВКД нома ирсол карда буд, аммо масъулини шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ ба намояндагони онҳо ҷиҳати боздид монеагӣ эҷод кардаанд.

Тибқи қонунгузорӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст, аммо маълум нест, ки онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ё не. ВКД ҳам дар ин замина шарҳе надодааст ва назари онҳо дар ин маврид дар маърӯза инъикос наёфтааст.

Яке аз мушкилоти дигаре, ки ин ниҳод дар гузориши худ зикр мекунад, аз ҷониби хешовандон қабул нагардидани маҳкумшудагони аз зиндон озодшуда ва мушкили онҳо барои дарёфти манзил ва ҷойи кор аст, зеро онҳо бинобар  доштани доғи судӣ барои дарёти кор мушкил мекашанд.

Ба навиштаи ин ниҳод, то ҳол дар кишвар марказҳои мутобиқгардонии иҷтимоии шахсони аз зиндон озодшуда таъсис дода нашудааст ва барномаи ҳамгироии иҷтимоии маҳкумшудагони собиқ мавҷуд нест.

 


Касбомӯзӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърузаи худ навиштааст, давоми соли 2024 дар муассисаҳои ислоҳӣ дар кишвар 6 ҳазору 29 нафар зиндониён ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ба 450 нафари онҳо дар литсейҳои касбӣ-техникӣ ихтисосҳои дӯзандагӣ, мебелсозӣ, дуредгарӣ, сохтмончӣ, барқчӣ, кафшергарӣ, ороишгарӣ, лӯлакашӣ (сантехник), челонгарӣ, кандакорӣ, барномасозӣ, қаннодӣ, таъмири нақлиёт, устои истеҳсоли хишт ва ошпазӣ тахълим дода шудаанд. Манбаъ менависад, ба маҳкумшудагон баъди омӯӯзишҳо “сертификат” дода шудааст ва онҳо метавонанд бо онҳо баъди адои ҷазо ба кор ҷалб шаванд.

 

Озод ё сабук кардани ҷазо

Ба гузориши Омбудсмени кишвар, маҳкумшудагоне, ки рафтори намунавӣ нишон дода, қоидаҳои зиндонро риоя ва ислоҳ шудани худро исбот менамоянд, ҷазояшон тибқи қонунгузории миллӣ сабук карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар соли 2024 ҷазои 895 зиндонӣ иваз шуда, 124 нафар шартан пеш аз муҳлат аз зиндон озод карда шуда, 771 нафари дигар ба муассисаҳои сукунатӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин давоми соли 2024 дар маҷмуъ 15 ҳазору 600 зиндонӣ аз ташхиси ВНМО гузаронида шуда, 47 нафар маҳкумшуда бинобар бемории вазнин аз адои ҷазо озод карда шудаанд.

Чунин ташхисҳо дар зиндону тавқифгоҳҳо бо мақсади муолиҷаи нашъамандон ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ гузаронида мешудаанд.

 

Яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳри Душанбе
ParsToday

Мулоқот бо зиндониён ва баррасии муроҷиати онҳо

Ба навиштаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, гурӯҳи мониторингии ин ниҳод дар соли 2024 дар 12 муассисаи пӯшида ва қисман пӯшида бо зиндониён вохӯрӣ гузаронида, бо онҳо шахсан мулоқот анҷом додаанд. Дар умум дар соли 2024 ин ниҳод 55 муроҷиати воридшударо баррасӣ карда, бо маҳкумшудагон вохӯриҳои фаврӣ гузаронидааст.

Манбаъ менависад, соли 2024 аз шахсони зиндонӣ ва наздикони онҳо ба ин ниҳод 6 муроҷиат ворид шуда, мазмуни асосии онҳо мусоидат барои аз ҷавобгарӣ озод намудани маҳкумшуда, интиқоли маҳкумшуда аз зиндонҳои дигар кишвар ба зиндони Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқҳои зиндониён, таъини ҷазои сабуктар ва кам намудани муҳлати ҷазо, озод намудан аз зиндон, таъини озмоиши судӣ-тиббӣ ва дигар масоил будаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон навиштааст, ки ҳуқуқҳои маҳкумшудагон риоя шуда, вайроншавии ҷиддии ҳуқуқҳои онҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин дар маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба тағйироти мусбии шароити нигоҳдории зиндониён ва дастгиршудаҳо сухан рафта, ҳолати онҳо хуб арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз 65 тавқифгоҳи муваққатӣ беш аз нисфи онҳо аз таъмиру рангубор бароварда шуда, дар пойтахт тавқифгоҳи муваққатии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мешавад.

 

Зиндониён дар яке аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон
Радиои Озодӣ

Тавсияву маслиҳатҳо

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни боздид аз зиндону тавйифгоҳҳои кишвар барои бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ба масъулини муассисаҳо тавсияву маслиҳатҳо додааст.

- расонидани ёрии тиббии саривақтӣ ба маҳкумшудагон;

- бо шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ, такмил додани фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагии муассисаҳои ислоҳӣ;

- баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии муассисаҳои иҷрои ҷазо, бахусус дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- насби камераҳо дар зиндону тавқифгоҳҳо вобаста ба имконоти мавҷуда;

- мусоидат барои дарёти кор ва сарпаноҳ баъди аз зиндон озод шудани маҳкумшудагон;

- бо ғизо таъмин намудани дастгиршудагон дар тавқифгоҳҳои муваққатӣ;

- фароҳам овардани шароит барои аёдати бемор дар беморхонаҳои руҳӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.