Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақби «Чормағзак», ки моҳи ноябри соли гузашта ифтитоҳ гардида буд, ба «Хатлон» тағйири ном кард.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15-уми марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.

Бо ҳамин қарор нақби «Шар-Шар», ки моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд, «Озодӣ» номгузорӣ шуд.

Накби «Шар-Шар» зери кӯҳи ҳамном дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Мурғоб-Қулма воқеъ аст. Ифтитоҳи нақби мазкур имкон дод, ки вақти сафар аз Душанбе то Кӯлоб 40 дақиқа камтар шавад. Аз ду ҷониби нақб ба масофаи 5 километр роҳҳои даромад ба нақб бунёд шуданд. Ғайр аз ин, дар яке аз роҳҳои сӯи нақб пули дарозиаш 178 метр сохта шуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, ҳукумати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард.

Қобили зикр аст, ки қаблан ҳамчунин нақбҳои «Майхӯра» ва «Анзоб» низ тағйири ном карда, феълан «Дӯстӣ» ва «Истиқлол» номида мешаванд. Ин иншоот маркази ҷумҳуриро ба минтақаи шимоли кишвар мепайванданд.