Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок мекунад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки сафар президенти мамлакат ба ВМКБ рӯзҳои наздик дар назар аст.
Усмонзода таъкид дошт, ки нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо мақсади таъмини пурраи вилоят бо нерӯи барқ ва ҳамчунин содироти он ба минтақаҳои ҳамсояи Афғонистон бунёд мегардад.
Ёдрас мекунем, ки оғози сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли гузашта ба нақша гирифта шуда буд, вале он замон сафари президент ба Бадахшон ба таъхир афтод.
Нерӯгоҳи барқии нав бо иқтидори лоиҳавии 12 МВт дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, дар мавзеи Себзор, воқеъ дар 15 километрии шаҳри Хоруғ сохта мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи оби барқии «Себзор» ба таъмини иншооти нави сохташаванда, ҳамчунин сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо нерӯи барқ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам оварда мешавад.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста