Геологҳои тоҷик фаъолияти Bokhtar Operating Company (BOC), ки ширкатҳои Tethys Petroleum Limited, Корпоратсияи миллии нафтии Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-ро муттаҳид месозад, ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд.
Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол дар ин робита изҳор намуд, ки ахири соли гузашта дар вохӯрӣ бо раҳбарияти ВОС аз он изҳори нигаронӣ шуда буд, ки тӯли 7 соли фаъолият оид ба ҷустуҷӯи майдонҳои нафтугаздор дар ҷумҳурӣ ҳеҷ натиҷаи муайяне ҳосил нашудааст. «Давоми ҳамин сол онҳо бояд 25%-и майдонҳои ояндадори нафту газро ба ҳукумат баргардонанд», - гуфт ӯ.
Аз шарҳи минбаъдаи ин масъала Мурод Хол худдорӣ варзида, қайд кард: «Вақте гуфта мешавад, ки фаъолияти ширкат ғайриқаноатбахш арзёбӣ мешавад, ин посух ба ҳамаи саволҳост».
Қобили зикр аст, ки Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, барои корҳои иктишофӣ дар майдони бузурги минтақаи ҷанубу ғарб (тақрибан 36 ҳазор мети мураббаъ) иҷозатнома гирифт. Иҷозатнома аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба муддати 25 сол бо шартҳои мусоид дода шуда буд.
Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.
Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд.
Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.
Ахири моҳи октябри соли гузашта Ширкати нафту гази Tethys Petroleum Limited-и Канада изҳор дошт , ки метавонад аз лоиҳаи коркарди кони бузурги нафту газ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хориҷ шавад.
Дар сомонаи расмии Tethys дар ин робита зикр гардида буд , ки ширкат иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ аз рӯи лоиҳаи коркарди кони Бохтар набаромада, аз ин рӯ, шарикони Tethys адар ин лоиҳа - Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-и Фаронса талаб кардаанд, ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.
Tethys дар маълумоти худ таъкид дошта буд, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста