Фермерони Чин ният доранд, ки дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ заминҳои кишт дар минтақаи ҷануби ҷумҳуриро зиёд карда, киштукор дар заминҳои шоликориро то ба 700 гектар расонанд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар соҳаи кишоварии кишвар се ширкат бо сармоягузории Чин машғули кор аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави ҷумҳурӣ ширкати чинии «Тсинян Инхай» машғули кор аст, ки дар ноҳияи Ёвон ҳудуди 300 гектар қитъаи замин ба ихтиёраш дода шудааст. «Дар ин заминҳо чиниҳо пунбадона ва шолӣ кишт карда, ҳамчунин ин ширкат дар шаҳри Ваҳдат корхонаи тухмипарварӣ низ дорад», - иброз дошт вазир.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Қумсангири вилояти Хатлон боз ду ширкати муштараки Тоҷикистону Чин низ фаъолият доранд.