Беш аз 40 ширкат ба сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази Туркманистон - Чин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта тамоми корҳои тадорукотӣ дар доираи ин лоиҳа ба итмом расида, оид ба интихоби паймонкорони фаръии лоиҳа тендер эълон шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ширкатҳои Чину Русия ва Тоҷикистон дархостҳо ворид шудаанд. «Албатта, баъзе мушшкилот ҷой дошт, ки саривақт ҳаллу фасл шуд», - гуфт манбаъ, вале аз ифшои ин мушкилот худдорӣ варзид.
Дар Вазорат таъкид доштанд, ки ҳамчунин соли гузашта буҷети лоиҳа барои соли 2016 тасдиқ карда шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки пас аз интихоби паймонкорони фаръӣ, ки ба корҳои гузоштани лӯла, сохтмони қисмати ҳудудии лӯлаи газ, бунёди биноҳои зарурӣ, аз ҷумла бинои дастгоҳҳои компрессорӣ машғул мешаванд, бевосита оғози корҳои амалисозии лоиҳа дар назар аст.
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. созишнома ба имзо расид. Моҳи сентябри соли гузашта маросими оғози қисмати тоҷикистонии лоиҳа баргузор шуд.
Шоҳроҳи лӯлаи газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, аз ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав тариқи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол то марзи Ӯзбекистон мерасад.
Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли оянда ба истифода дода мешавад.
Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.




Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста