Президенти Русия Владимир Путин рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда қонуни федералии ФР «Дар бораи тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро ба имзо расонид. Ин санад дар портали интернетии иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст .

Ин созишнома ҳанӯз моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, ахири моҳи июн аз ҷониби Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсияи Русия маъқул шуморида шуд.

Созишнома ба танзими ҳамкориҳои мутақобила дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба бо назардошти манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар дар рушди ҳамкориҳои стратегӣ мусоидат мекунад.

Содироти дубораи маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшуда ба кишварҳои сеюм манъ аст. Ин манъ ба маҳсулоти нафтие, ки дар Русия истеҳсол шудаасту ба Тоҷикистон аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ ворид мешавад, низ амал мекунад. Дар сурати риоя нашудани ин муқаррарот, ҷониби Русия ҳуқуқ дорад, ки таҳвили маҳсулоти нафтии бидуни пардохти боҷи содиротиро боздорад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз моҳи майи соли 2010 воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо шарти пардохти маблағи боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирифт. Пас аз гуфтушунидҳои қариб сесола моҳи феврали соли 2013 ҷонибҳо оид ба бекор кардани боҷи содиротӣ барои таҳвили маҳслуоти нафтӣ ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.