Ширкати фаронсавии Total ва Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) аз ширкати фаръии тоҷикистонии Tethys Petroleum Limited (Канада) беш аз 9 млн. доллар маблағ рӯёниданианд.
Дар сомонаи ширкати канадагӣ дар ин робита қайд мешавад, ки Tethys Petroleum Limited кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки баҳсҳояш бо шарикони худ дар лоиҳаи Бохтарро бо роҳи муросову созиш ҳал намояд.
«Шӯрои мудирон ва кормандони маъмури Tethys бо дарки имконоти худ барои баррасии минбаъдаи масъала бо шарикон омодаанд», - омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки 19 майи соли гузашта ширкатҳои Total ва СNPS нисбати ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» (ширкати фаръии Tethys Petroleum) бо даъвои рӯёнидани 9 млн. доллари ИМА аз он бинобар сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои молиаш (ҷамъи хароҷоти судӣ зимни мурофиа) ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурданд.
Аввали моҳи сентябри соли гузашта Tethys Petroleum Limited бо даъвои муқобили даъво алайҳи шарикони худ муроҷиат намуда, тақозо намудааст, ки аз онҳо ба нафъи худаш 10,1 млн. доллари ИМА рӯёнида шавад.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба ин масъала сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки баҳсҳо миёни ин ширкатҳо ба онҳо дахл надошта, алҳол барои бозхонди иҷозатномаҳои онҳо ҳеҷ асосе нест.
«Соли 2016 ширкатҳои Tethys, Total ва CNPC доир ба корҳои иктишофи геологӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ гуна маълумоте пешниҳод накарданд ва аллакай соли аввал нест, ки онҳо фаъолияти чашмарас надоранд. Мо ба онҳо бо дархости пешниҳоди маълумот дар бораи фаъолияташон нома фиристода, пас аз омӯзиши маълумоти пешниҳодкардаи онҳо ба як хулосае мерасем», - гуфт номбурда.
Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Иҷозатнома аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба муддати 25 сол бо шартҳои мусоид дода шуда буд. Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.
Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд. Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд. Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Моҳи сентябри соли гузашта Total ва СNPS аз Tethys Petroleum Limited-и Канада талаб карданд, ки ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.
Огоҳиномаи фиристодаи ширкатҳои CNPC ва Total бар он асос ёфтааст, ки Tethys ба санаи 9 октябр пардохт аз рӯи лоиҳа дар моҳи сентябрро дар ҳаҷми тақрибан 1,28 млн. доллари ИМА ва моҳи октябр ба маблағи ҳудуди 780 ҳазор доллари ИМА-ро анҷом надодааст.
Дар ин огоҳинома аз шарикони Tethys комилан хориҷ шудани Kulob Petroleum Limited (ширкати фаръии Tethys) аз Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак ва ҳамчунин ба ихтиёри ин ширкатҳо супурдани тамоми ҳисса дар лоиҳаи «Бохтар» тақозо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Tethys дар маълумоти худ таъкид месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.