Корҳои сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази Туркманистон - Чин оғоз гардиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода хабар дод, қисмате аз корҳои муайян дар ин самт дар ноҳияи Рӯдакӣ шурӯъ шудаанд.

Ӯ зикр кард, ки сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи интиқоли газ бо назардошти маблағгузории амалӣ сурат мегирад. Таъкид шуд, ки қаблан дар сатҳи раҳбарияти Тоҷикистону Чин масъалаи дароз кардани муҳлати лоиҳа баррасӣ мешуданд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар маҷмӯъ оид ба амалисозии лоиҳаи мазкур ҳеҷ мушкилие вуҷуд надорад ва анҷоми сохтмони ин қисмати лӯла муддати ду сол ба нақша гирифта шудааст.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. созишнома ба имзо расид. Моҳи сентябри соли гузашта маросими оғози қисмати тоҷикистонии лоиҳа баргузор шуд.

Шоҳроҳи лӯлаи газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, аз ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав тариқи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли оянда ба истифода дода мешавад.

Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.