Дар Бонки миллии Тоҷикистон чанде қабл вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори институтҳои молиявии ҶС «Райффайзенбонк» дар ИДМ Павел Зарутский сурат гирифт.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, дар вохӯрии мазкур инчунин Директори иҷроия оид ба бозори сармояи Ҷамъияти саҳҳомии «Райффайзенбонк» Александр Булгаков ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндаи “Райффайзенбонк” Павел Зарутский барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар барориши аввалин вомбаргҳои (евробонд) давлатии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии сармоя изҳори сипос намуд. Ӯ ба фурӯш баровардани вомбаргҳои давлатӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷиро барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” дорои аҳамияти муҳим ба иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот, муовини якуми раиси БМТв намояндагони бонки сармоягузории «Райффайзенбонк» Павел Зарутский ва Александр Булгаковро бо вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, тадриҷан ба эътидол омадани низоми бонкӣ бо такя ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои даромаднокӣ ва пардохтпазирӣ, зиёд шудани теъдоди қарзҳо ва пасандозҳо, афзудани эътимоднокӣ ба низоми бонкии кишварро натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва татбиқи ислоҳот дар низоми бонкӣ баён намуд.

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Райффайзенбонк»
Акс аз шуъбаи матбуоти БМТ

Гуфта мешавад, дар навбати худ, директори институтҳои молиявии ҶС «Райффайзенбонк» дар ИДМ Павел Зарутский аз ҳамкорӣ бо БМТ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.

Павел Зарутский ба истифода додани чархаи аввали иншооти азими аср НБО “Роғун”-ро барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ намуда, барои идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти стратегӣ ибрози назар кард.

Ҳамчунин зимни мулоқот, ҷонибҳо ҳамкориро дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонки сармоягузории “Райффайзенбонк”, ҳамкории бонкҳои тиҷоратӣ бо ин бонк, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон изҳори назар ва ҳавасмандӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.