Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муайян кардани макони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон машғул аст. Дар хусуси сохтмони муштараки ин нерӯгоҳҳо сарони кишварҳои Тоҷикистну Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев соли гузашта созиш ҳосил карда буданд.

“Пас аз тасмими сарони кишварҳо гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, ки рӯйи ин масъала машғули кор аст”, - хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон масоили техникӣ, аз ҷумла муайян кардани ҷойи сохтмони нерӯгоҳҳо ва методи бунёди онҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.

Пас аз ҳаллу фасли масоили техникӣ, таъкид дошт муовини вазир, масъалаҳои моливу иқтисодӣ баррасӣ шуда, сипас корҳои лоиҳакашӣ оғоз мегарданд.

“Нимаи аввали соли равон баргузории ҷаласаи муштарки гурӯҳҳои корӣ дар назар аст. Тибқи дастури сарони кишварҳо, дар рӯдхонаи Зарафшон бояд ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 МВт сохта шавад”, - изҳор намуд ӯ.

Шоимзода қайд кард, ки тарҳи комплексии сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ дар дарёи Зарафшон мавҷуд аст, ки солҳои 70-уми асри гузашта таҳия шудааст.

“Мувофиқи тарҳи кӯҳна, дар он ҷо сохтмони 11 нерӯгоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Табиист, ки айни замон ин тарҳ бозбинӣ мешавад”, - илова кард Шоимзода.

Ёдрас мекунем, ки тасмими бунёди муштараки нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон зимни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта рӯйи кор омад.

Он замон зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Шавкат Мирзиёев дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҷоиниби Тоҷикистон “лоиҳаҳои таҳиягардидае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилаии бонкҳои бузург гузаштаанд”.

“Бар ин назарам, ки дар ҳамкории минтақавии мо масъалаи лоиҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ хеле ҷиддӣ аст. Бо гузашти муддати начандон зиёд мо ба сохтмонҳои муштарак оғоз мебахшем, мушкилиҳоро дар ҳамдастӣ ҳал мекунем. Масоили зиёд вуҷуд дорад ва он тадриҷан ҳаллу фасл хоҳад шуд”, - итминон дода буд сарвари давлати ҳамсоякишвари Ӯзбекистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.