Ширкатҳои шведии АВВ ва ҳиндустонии Kalpataru Power Transmission Ltd ба корҳои сохтмони иншооти хати баландшиддати интиқоли барқ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар қаламрави Тоҷикистон оғоз намуданд.

Мутахассисони Kalpataru, ки сохтмони қитъаи тоҷикистонии хати интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ-ро бар уҳда доранд, айни замон ба муайян кардани нуқтаҳои гузоштани пояҳои хати ҳавоӣ машғул аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Дар созишномаи соли гузашта баимзорасида байни ин ширкат ва “Барқи тоҷик” кашидани хат дар шимоли Тоҷикистон, ҳамчунин хати интиқол аз зеристгоҳи Регар то зеристоҳи табдили барқ дар Сангтӯда ва минбаъд то сарҳад бо Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Дар Вазорати энергетика қайд карданд, ки ширкати Ҳиндустон аллакай маблағи пешпардохтро гирифта, ба корҳои омодагӣ шурӯъ намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зеристгоҳи табдили барқро дар Сангтӯда ширкати АВВ-и Шветсия месозад.

Таъкид шуд, ки маблағи сохтмони иншооти мазкур 160 млн. доллар арзёби мешавад. Ширкат маблағи пешпардохтро гирифта, корҳои омодагӣ оғоз гардиданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар қаламрави кишварҳои Қирғизистону Афғонистон ва Покистон низ корҳои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 шурӯъ шудааст.

“Айни замон ҷиҳати амалисозии лоиҳа ҳеҷ мушкилие нест. Хати интиқоли барқ бояд охири соли 2021 мавриди истифода қарор гирад”, - илова карданд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол (70% - аз Тоҷикистон ва 30% - аз Қирғизистон) нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Арзиши умумии амалисозии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти охири “Барқи тоҷик”, маблағи сохтмони зербинои ин лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 351 млн. долларро ташкил медиҳад.

Воситаҳо барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва ҳукумати Британияи Кабир ҷудо карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.