Дар амалисозии лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар мутаассифона, аз нақшаи пешбинишуда дермонӣ вуҷуд дорад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар ин роҳи муҳим барои ҷумҳурӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин робита дастур додааст, ки ба ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ суръати бештар бахшида шавад.

Қоҳир Расулзода таъкид доштааст, ки бо суръати корҳое, ки имрӯз ҷараён доранд, дар муҳлати пешбинишуда роҳи сифаташ баландро ба истифода додан имкон надорад.

Ширкати паймонкор дермонӣ аз нақшаро ба шароити обуҳавои номусоиди имсола нисбат дода, ба сарвазир итминон додааст, ки дар фурсати кӯтоҳтарин камбуду норасоиҳоро бартараф мекунад ва аллакай ба асфалтпӯшонии баъзе қитъаҳои роҳ оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаҳои 1 ва 2-юми лоиҳаи “Таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар” мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи аввал ширкати «Синтзян Бейсин»-и Чин ва мушовири байнулмилалии он - ширкати олмонии “КОКС” мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар қади роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси батареяҳои офтобӣ насб мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.