Дар ҷараёни санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои буҷетии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 88 млн. сомонӣ (зиёда аз 9,3 млн. доллар) зиёни молӣ ошкор шуд.
Ин зиён зимни 156 санҷишҳои аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор шудааст, хабар медиҳад Палатаи ҳисоб.
Аз ҷумла зиёнҳои молӣ-моддии зерин ошкор шудааст:
- хароҷоти ғайриқонунӣ – 4,4 млн сомонӣ;
- камбуд ва беасос аз ҳисоб баровардан – 3,7 млн сомонӣ;
- кам кардан ва рӯйпӯш сохтани андозҳо – 30,9 млн. сомонӣ;
- камомад – 37,1 млн. сомонӣ;
- баланд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмир ва сохтмон – 11,4 млн. сомонӣ;
- зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 237,8 ҳазор сомонӣ;
- пардохт нашудани фоидаҳо аз рӯи саҳмияҳои давлатӣ – 438,9 ҳазор сомонӣ.
“Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо зиёни молӣ дар ҳаҷми 41,1 млн. сомонӣ дар буҷет ва муассисаҳо барқарор шуд”, - таъкид месозанд дар Палатаи ҳисоб.
Гуфта мешавад, нимаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” аз рӯи нақша санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳаҷми 9, 1 млн. сомонӣ зиёни молӣи ошкор гардида, 7,6 млн. сомониаш барқарор шуд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои 13 санҷиши субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ зиёни молии аз ҳама бештар - 41,1 млн. сомонӣ дар КВД “Манзили дастрас” ошкор шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Предприниматели Таджикистана и Италии подписали договора на более $160 миллионов
Таджикистан увеличил экспорт драгметаллов и камней в 1251 раз
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2024 года
Где в Таджикистане сдать тест на ДНК и во сколько это обойдется?
В Душанбе проходит выставка художниц из «Мастерской Оро»
В Кабуле талибы захватили дом Захира Агбара и Абдулрашида Дустума
В Таджикистане предупредили о риске появления чумы
Эмомали Рахмон обсудил в Риме ход строительства Рогунской ГЭС
Началась Всемирная неделя иммунизации
КЧС предупредил о возможном буйстве стихии в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста