Бунёди Оғо Хон уҳдадор шуд, ки барои сохтмони роҳи масофааш 50 километр аз ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маблағ дарёфт кунад.

Ин уҳдадории Бунёд дар доираи созишномаи сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро дар ноҳияи Фархор пайваст мекунад, амалӣ мешавад.

“Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳамкорӣ дар мавриди сохтмони пул дар дарёи Панҷ, ки мавзеи Кокули Фархорро бо мавзеи Ойхонуми Афғонистон мепайвандад, муроҷиат кард”, - хабар дод муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода рӯзи 16-уми октябр дар ҷараёни тасдиқи созишномаи дахлдор дар ин хусус аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ Бунёд розӣ шудааст, дар доираи созишномаи моҳи апрели соли равон имзошуда, давра ба давра воситаҳои шарикони рушдро барои сохтмони роҳи масофааш 50 километр дар вилояти Хатлон ҷалб намояд.

Муовини аввали вазири нақлиёт таъкид дошт, ки дарозии пул 297 метр, паҳноиаш 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна ва дарозии роҳҳои ҳамшафату наздик ба пул 18,5 километрро ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи ӯ, арзиши пешакии сохтмони пул ва роҳҳои ҳамшафату наздики он 9,8 млн. долларро ташкил дода, ин маблағ аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ҷудо мешавад.

Мирзозода зикр кард, ки арзиши ниҳоии сохтмони пул ва роҳҳо пас аз анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, ки айни замон муассисаи зертобеъи Вазорати нақлиёт “Лоиҳакаш” ба он машғул аст, муайян карда мешавад.

Таъкид шуд, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон Бунёди Оғо Хон дар қаламрави ВМКБ (Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз) 4 пул ва дар вилояти Хатлон (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) 1 пул сохтааст.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёт, масофаи умумии роҳҳои иншооти сохташуда зиёда аз 800 метр аст.

“Роҳандозӣ ва тавсеаи савдои наздисарҳадӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиётӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои бунёди пул дар ноҳияи Фархор маҳсуб меёбад”, - илова кард Суҳроб Мирзозода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.