Бонки осиёии рушд (БОР) Тоҷикистонро дар таҳияи Кодекси нави андоз аз лиҳози фаннӣ дастгирӣ мекунад.

“Ҳукумат ҷиҳати кумаки фаннӣ барои таҳияи кодекси нави андоз ба шӯрои ҳамоҳангсози созмонҳои кумакрасон муроҷиат кард”, - хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава рӯзи 6-уми декабр зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон.

Ӯ қайд кард, ки БОР лоиҳаи кумаки фанниро тасдиқ карда, муддати ду моҳи наздик он роҳандозӣ мешавад.

“Ҷузъиёти лоиҳа ояндаи наздик ба маълумоти ҳамагон расонида хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Сривастава, пас аз роҳандозии лоиҳа БОР ба ҳамкории мутақобилаи фаъолона бо ҳукумат дар мавриди таҳияи Кодекси нави андоз мепардозад.

Намояндаи доимии БОР тағйири самти қонунгузории андозро, ки ба ақидаи ӯ, айни замон ба ҷамъоварии маблағ мутамарказ шудааст, пешниҳод мекунад.

Сривастава тавсия дод, ки дар Кодекси нав бештар ба ҳавасмандсозии андозсупорандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

“Ин се паҳлӯро дар бар мегирад: аввал, сарбории андоз набояд он қадар душвор бошад; дуюм, дар қисмати андозбандӣ бояд бештар шаффофият бошад ва сеюм, миқдори пардохти андоз бояд пешбинишаванда бошад”, - иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, ки ҳамаи тағйироти ба қонунгузории андоз воридмешуда бояд натанҳо рӯйи коғаз монанд, балки дар амал иҷро шаванд.

Ба гунаи мисол ӯ хотиррасон кард, ки БОР соли 2016 ба ивази аз ҷониби ҳукумат иҷро шудани талаботи муайян буҷети Тоҷикистонро дастгирӣ кард.

“Он замон як тақозо кам кардани шумори мақомоти нозироти санҷиш буд. Дар ниҳоят чӣ шуд? Шумори ин мақомот дар коғаз кам шуд, амо исботи воқеии онро мо надидем. Намояндагони тиҷорат шикоят карданд, ки воқеан вазъ тағйир наёфтааст”, - таъкид дошт Сривастава.

Ӯ ҳаҷми начандон зиёди сармоягузориҳои хусусӣ ба иқтисоди кишвар ва душвориҳоеро, ки тиҷорати хурд бо он дучор мешавад, зикр кард .

“Ҳеҷ як далели қотеъона ва асоноки куллан дигаргун шудани вазъ вуҷуд надошт”, - гуфт намояндаи домии БОР.

Қобили зикр аст, ки бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон тобистони соли равон ҷараёни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав оғоз шуд.

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекс намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва дигар ташкилоту шахсони манфиатдор шомил гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.