Қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон ба ҳудуди 65 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) расидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, беш аз нисфи қарзро аз ҳаҷми умумӣ қарзҳои корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр”, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ташкил медиҳанд.

Дар 9 моҳи соли равон вазни қиёсии корхона ва ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо 28,5%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (17,7%), савдо (16,1%) ва сохтмон (13,6%) ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукумат ҳанӯз аввали ҳамин сол супориш дода буд, ки оид ба кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯӣ шавад.

Мувофиқи қарори ҳукумат, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ бояд ба ин кор машғул мешуданд.

Байни корхонаҳои бузурги кишвар ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи калонтар дорад, ки ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 23,1 млрд. сомонӣ (наздики 2,4 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.