Лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ (усули биллингӣ) дар  дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ роҳандозӣ мешавад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 27-уми январ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар шаҳри Хуҷанд аз истифодаи ин усул натиҷаҳои хуб ҳосил шудааст.

“Татбиқи чунин лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои хуб дод: сатҳи ҷамъоварии пули истифодаи барқ то ба 100% расида, талафоти барқ то аз 18-19% то ба 9-10% поин рафт”, - гуфт вазир.

Ӯ қайд кард, ки ҷорисозии усули биллингии ҳисоб ва пардохти пули барқ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб оид ба коҳиши талафот дар шабакаҳо ва афзоиши миқдори ҷамъоварии пули истифодаи барқ корҳо ҷараён доранд. Вай афзуд, барои амалисозии ин мақсадҳо Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағ ҷудо мекунанд.

Дар ин шаҳрҳо аз ҷумла иваз кардани 50 ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқ – 32 ҳазор дар Кӯлоб ва 18 ҳазор дар Бохтар пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар доираи корҳои амалисозии лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи нави барқӣ сохта мешавад.

Ғайр аз ин, идома дод вазир, дар мавриди ҷалби маблағҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷорисозии усули биллингӣ инчунин дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои тобеи марказ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Вазири энергетика интизор дорад, ки дар натиҷаи гузариш ба низоми биллингӣ талафоти барқ дар шабакаҳои кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфта, сатҳи ҷамъоварии маблағ зиёд мешавад.

Вазорати энергетика: Дар низоми биллингӣ пешпардохт пешбинӣ шуда, аммо он ҳатмӣ нест: метавон чун имрӯз пас аз як моҳи истифода пули барқро пардохт кард. Зимни ба таъхир афтодани пардохти пули барқ дар муҳлати муқарраршуда (беш аз 15 рӯз пас аз ба охир расидани истифодаи якмоҳа) истифодабаранда аз барқ маҳрум мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.