Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 4% ба ҳиссаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” низ қариб ҳамин миқдор барқ истеҳсол шудааст.

Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар медиҳад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО “Роғун” 840 млн. кВт/соатро ташкил дод.

Соли гузашта дар Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда ба сурати умум наздики 20,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли он қариб 1 млрд. кВт/соат афзудааст.

Соли 2019 дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 2,3 млрд., “Сангтӯда-2” – 858 млн. кВт/соат, “Помир энержи” – 192 млн. кВт/соат ва дар корхонаҳои зертобеъи ширкати “Барқи тоҷик” – 16,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Содироти нерӯи барқ

Дар ҳамин ҳол, беш аз 14%-и нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содирот шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар ин давра ба маблағи наздики 90 млн. доллар ҳудуди 2,9 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Аз ҷумла, 1 млрд. 453 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Ӯзбекистон ва 1 млрд. 425 млн. кВт/соати он ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 400 млн. кВт/соат ва даромад ба андозаи 23 млн. доллар афзудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.