Ҳукумати Тоҷикистон имкони бозбинии ҳаҷми даромаду хароҷоти Буҷети давлатии имсоларо дар робита ба ворид нагардидани қисмате аз маблағҳои пешбинишуда бар асари буҳрони ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи коронавирус аз эҳтимол дур намедонад.

“Мо дар марҳилаи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарор дорем ва рақамҳои мушаххасро то 10-уми апрел мегирем”, - хабар дод ба журналистон рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вазири молия гуфт, ки шояд як ҳаҷми даромади қаблан пешбинишуда ба буҷет ворид нашавад ва аз ин рӯ, имкони бозбинии ҳам қисмати даромад ва ҳам хароҷоти буҷет аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 26 млрд сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки қариб 70%-и даромади умумӣ аз ҳисоби андозҳо дар нақша буд.

Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми зиёда аз 26,4 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин ҳолат касри (камбуди) буҷет наздики 350 млн сомонӣ ё худ 0,4% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.