Аксари кишварҳои дар ҳоли рушд, ки Тоҷикистон низ ба ин саф шомил аст, дар шароити ҳозираи буҳронӣ хароҷотро ба моддаҳои ҷудогонаи буҷет кам мекунанд. Зеро маблағ дар ҳаҷмҳои пешбинишуда ба буҷет ворид намешавад ва кишварҳо барои дастгирии он захираҳои молиявӣ надоранд.

Замоне фаро расидааст, ки аз хароҷоти барзиёд худдорӣ шуда, пули мардум танҳо ба корҳои муҳимтарин сарф шавад.

Қобили зикр аст, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети Тоҷикистон аз 5,3 млрд сомонӣ маблағи пешбинишуда 5,1 млрд сомонӣ (беш аз 200 млн сомонӣ камтар) маблағ ворид шуда, хароҷоти нақшавии буҷет ҳамагӣ 55,8% иҷро гардид.

Ба ин тариқ, кормандони соҳаи буҷетӣ 2,5 млрд сомонӣ маблағҳои барои онҳо пешбинишударо гирифта натавонистанд. Маблағгузорӣ ба буҷет ба ҷойи 5,7 млрд сомонии пешбинишуда ҳудуди 3,2 млрд сомониро ташкил дод.

Аз куҷо метавон бе зарари ҷиддӣ кам кард?

Ин ҷо даст кашидан аз кадом як моддаи муайяни буҷет дар назар набуда, ба ҳадди камтарин овардани онҳо зарур аст.

Он набояд ба хароҷоти марбут ба уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дахл дошта бошад. Баръакс, дар шароити кунунӣ хароҷотро ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи қишрҳои осебпазири аҳолӣ: пиронсолону маъюбон ва оилаҳои камбизоат зиёд мебояд кард.

Дар ҳар кадоме аз моддаҳо хароҷоти дуюмдараҷа зикр шудаанд, ки дар Вазорати молия онҳоро “на дар навбати аввал” медонанд.

Ба ин хароҷот харидани мошинҳои нави хизматӣ, таъмири биноҳои давлатӣ, харидории ҷиҳоз барои муассисаҳои давлатӣ, хароҷоти асбобу лавозимоти кории идора (канселярӣ), инчунин сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайра шомил шуда метавонанд.

Ба эҳтимоли қавӣ метавон гуфт, ки барои хариди асбоби мусиқӣ ба кадом як муассиса низ хароҷот пешбинӣ шудааст.

Ба фикрамон, чизе намешавад, агар мансабдор алҳол бо мошини пешина равуо кунаду ҷиҳози кӯҳна дар ҳуҷраи корияш боқӣ монад ва навозанда то фарорасии замони беҳтар ҳамон асбоби мусиқии доштаашро истифода кунад.

Ғайр аз ин, дар буҷет ҳамасола барои иду ҷашнҳо хароҷоти зиёд пешбинӣ мешавад. Моро кайҳо лозим аст, ки аз ин гуна фароғату таҷлили ҷашнҳои пуршукӯҳ даст кашем ё ҳадди ақал муваққатан худдорӣ варзем.

Сохтани ёдгориҳову муҷассамаҳои нав ҳам он қадр зарур нест. Ба ҷойи бунёди дарахтҳои сунъиву овехтани қандилҳо, коркарду безараргардонии кӯчаву хиёбон, истгоҳу даромадгоҳи манзилҳо муҳимтар аст.

Дар замонҳои душвор ҳамеша сарфаҷӯӣ мекунанд. Дар навбати аввал аз он чизҳое даст мекашанд, ки бе онҳо низ метавон бемалол зиндагӣ кард. Вақте дар оила пул кам аст, онро ба харидории маҳсулот, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, сарулибос харҷ мекунанд. Дар ҳукумат низ бояд ба ҳамин тарз рафтор кунанд, яъне маблағ ба чизе харҷ шавад, ки ҳақиқатан ҳам аз он сарфи назар наметавон кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.