Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 30-юми апрел лоиҳаи “Рушди кӯдакони синни барвақтӣ барои ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистонро”-ро тасдиқ кард.

Торнамои ин созмони молиявӣ хабар додааст, ки татбиқи лоиҳа ба беҳбуди истеъмоли ғизо, вазъи солимӣ ва таълиму донишандӯзии кӯдакони синни хурдсол – аз таваллуд то 6-сола равона мешавад.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои сармоягузории ин лоиҳа 70 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос медиҳад.

Боз 3 миллион доллар аз ҷониби Бунёди трастии Фонди маблағгузории глобалӣ пешниҳод мешавад.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс мутмаин аст, ки ояндаи Тоҷикистон ба маблағгузориҳои имрӯза ба сармояи инсонии кишвар вобаста мебошад.

Дар доираи лоиҳа роҳу воситаҳои нави аз лиҳози иқтисодӣ пурсамар барои фарогирии кӯдакони хурдсол бо таълими томактабӣ ҷорӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, ба муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати пайгирии рушду инкишофи кӯдакон барномаи таълимӣ ва таҷҳизоти дахлдор дода мешавад, ки ба саривақт ворид кардани тасҳеҳ ба онҳо имкон медиҳад.

Дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аҳолии Тоҷикистон ҷавонтарин ва афзоянда ба ҳисоб меравад. Ҳар кадоме аз панҷумин сокини кишвар поинтар аз синни 6-сола буда, ҳамасола наздики 250 ҳазор нафар кӯдакон таваллуд мешаванд.

Сатҳи фарогирии кӯдакони хурдсол бо таълиму тарбияи томактабӣ ҳудуди 12%-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.