Корхонаи махсуси давлатии “Тиллои Тоҷик”, Артели заршӯйӣ ва ҶДММ “Заринк” ба шустани қумҳои зардор оғоз карданд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад, дигар корхонаҳои истихроҷи тилло ба омодасозии таҷҳизот ва корҳои қабаткушоӣ машғул мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар соҳаи истихроҷи тиллои пошхӯрда дар ҷумҳурӣ корхонаҳое чун артели “Одина”, ширкатҳои “Авесто Одина”, “Нахш”, “Абдулазиз”, “Таком Голд”, “Шимшо”, “Назирӣ” ва “Баракати истиқлол” фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, соли гузашта аз ҷониби ин корхонаҳо ба маблағи умумии 378 млн сомонӣ тилло истихроҷ шуд, ки 5,4% аз маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноати коркарди маъданро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки тиллои истихроҷкардаи корхонаҳо пурра аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад.

Дар Вазорати саноат умедворанд, ки нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истихроҷи тиллои пошхӯрда дар соли равон 15% зиёд мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.