Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, тақсими 60 тонна тухмии картошкаи баландсифатро ба иттифоқҳои кооперативии кишоварзон ҷамъбаст кард.

Фаъолияти мазкур ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони хурд ва беҳтар кардани васоити таъминоти зиндагӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод кумак мекунад.

ФАО дар умум интиқол додани 80 тонна тухмии аълосифати картошкаро ба кишоварзон дар назар дорад, ки аз он дар мавсими ояндаи кишоварзӣ ҷамъоварии 1000 тонна ҳосил интизор меравад.

Занҷираҳои истеҳсолию фурӯши тухмии картошка дар Тоҷикистон дучори мушкилоти зиёд мешавад. Ба чунин машкилот сифати пасти тухмӣ, монеаи воридоти маҳсулот бо сабаби COVID-19 ва афзоиши талабот ба тухмӣ дар арафаи мавсими кишт дохил мешаванд. Инчунин тухмии хушсифати картошка дастрасии маҳдуд ва нархи гарон дорад. Илова бар ин, мушкилоти дастрасӣ ба пестисид, нурӣ ва дигар захираҳо ба кишоварзон барои ба даст овардани даромади баландтар имкон намедиҳад.

Иттифоқҳои кооперативӣ, ки тухмиҳои картошкаи Ред Скарлеттро аз Ҳолланд гирифтаанд, ҳамагӣ зиёда аз 120 кишоварзонро ба ҳайси аъзо доранд. Азбаски онҳо бонкҳои тухмии картошкаро пешбарӣ мекунанд, кишоварзони маҳаллӣ имкон доранд, ки бо усули инноватсионии истеҳсоли тухмии картошка шинос шуда, тавассути системаи GLOBAL GAP – стандарти ихтиёрии бехатарии озуқаворӣ муаррифӣ карда шаванд.

Акс аз ФАО

“Мо истеҳсоли тухмиро дар бахши хусусӣ тавассути рушди кооператив дастгирӣ мекунем. Кооперативҳо бояд як унсури асосии занҷираи истеҳсолу фурӯши тухмии картошка бошанд ва ба кишоварзон имкон диҳанд, ки дар асоси унсурҳои демократӣ соҳибӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳои тиҷоратиеро, ки маҳсулоту хизматрасонии онҳоро харидорӣ мекунанд ва мефурушанд, амалӣ намоянд, - таъкид кард Гучгелддиев. - Ин дар якҷоягӣ бо ҳамгироии минбаъдаи тухмипарварӣ дар бахши хусусӣ, ба аъзоёни кооператив бо таври дарозмуддат фоида меорад”.

Роҳбари Намояндагии ИА сафир Йосефсон қайд кард, ки ин иқдом як қисми вокуниши Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемияи глобалии COVID-19 ба Тоҷикистон мебошад. Таъмини тухмии сермаҳсули картошка барои хоҷагиҳои кишоварзии хурд на танҳо ба баланд шудани самаранокии занҷираи истеҳсоливу фурӯши картошка мусоидат мекунад, инчунин картошкаҳои истеҳсолшуда барои истеъмоли дохилӣ дастрас мешавад, ки амнияти озуқавории аҳолии деҳотро беҳтар мекунад.

Лоиҳа аз ҷониби ИА маблағгузорӣ шуда, барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, ки ҳадафи он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишоварзон мебошад. Лоиҳа инчунин ба рушд ва ташкили иттифоқҳои кооперативии самаранок ва амалкунанда мусоидат мекунад. Ин дар навбати худ метавонад ба таъсиси сохторҳои миллӣ, ки манфиатҳои саҳмдоронашро дар тамоми сатҳҳои идоракунии соҳаи кишоварзӣ ифода мекунанд, бурда расонад.

GLOBAL GAP стандарти ихтиёрии амнияти озуқаворӣ мебошад, ки мутобиқати онро бисёр шабакаҳои супермаркет дар Аврупо талаб мекунанд. Ин стандартҳо барои кишоварзон муҳим мебошанд, зеро онҳо тамоми раванди истеҳсолоти кишоварзиро, сар аз захираҳо то истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ фаро мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.