Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гуфтушунидҳоро дар мавриди ҷалби қарзи имтиёзноки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар доираи Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ барқарор намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, музокироти навбатии намояндагии виртуалии ҳайати ХБА таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал бо Бонки миллӣ 18 август оғоз гардида, то 3 сентябри ҳамин сол идома меёбанд.

Муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони Хазинаро бо шарҳи мухтасари вазъи имрӯзаи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ шинос кард.

Гуфта мешавад, Падамжа Ханделвал ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Қаблан аввали соли равон Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндагони матбуот хабар дода буд, ки аксарияти шартҳои пешакии Хазина аллакай иҷро шуда, айни замон масъалаи барқарор намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ баррасӣ мешавад.

Раҳбарияти БМТ изҳор дошт, ки истифодаи қарзи имтиёзноки Хазина барои дастгирии буҷет, боло бурдани рейтинги кишвар ва дигар самтҳо, ки минбаъд ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд, дар назар аст.

Сафари охири ҳайати ХБА ба Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он намояндагони Хазина изҳор доштанд, ки бо ҳукумати кишвар дар робитаи зич хоҳанд буд, то ки дар пешбурди дастгирии молиявии ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесола, ки дар чаҳорчӯби он аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарз ҷудо гардид, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.

Гуфтушунидҳо бобати ба Тоҷикистон додани қарзи имтиёзнок дар доираи барномаи нави ХБА ҷандин сол инҷониб ҷараён доранд. Нахуст дар чаҳорчӯби ин барнома ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 500 млн доллар қарзи имтиёзнок гирифтанӣ буд. Баъдан дар бораи 300 млн доллар сухан мерафт.

Ёдовар мешавем, ки Хазинаи байнулмилалии асъор рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.