Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 17,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ карданд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо истинод ба Феҳристи давлатии корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ.
Аз ҷумла, 652 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ барҳам дода шуданд.
Ҳамчунин 824 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома, зиёда аз 14,4 ҳазор соҳибкорони инфродӣ, ки тибқи патент кор мекарданд ва 1,7 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (ба соҳибкорони инфиродӣ мансубанд) фаъолияти худро қатъ намуданд.
Шумори субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 337 ҳазорро ташкил дод, аз ҷумла 35,6 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва зиёда аз 301 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.
Теъдоди умумии субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,4% ё худ 7,9 ҳазор адад афзудааст.
Ҳудуди 29%-и субъектҳои хоҷагидорӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 26% - дар вилояти Суғд, зиёда аз 24% - дар шаҳри Душанбе, қариб 16% - дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва наздики 5% - дар ВМКБ амал мекунанд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорону мутахассисони соҳа андозҳои баланд, санҷишҳои чандинбораи мақомоти назоратӣ ва коррупсияро ба сифати омилҳои монеъаэҷодкун дар рушди тиҷорат номбар мекунанд.
Аввали ҳамин моҳ Барномаи рушди СММ дар бораи таъсири пандемия ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таҳқиқотеро нашр намуд, ки дар он дар бораи маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ сухан меравад.
Гуфта мешавад, тамоили мазкур роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.
Дар таҳқиқот қайд мешавад, ки ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста