Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2023 ҳаҷми даромади Буҷети давлатиро то 32,2 млрд сомонӣ зиёд кунад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет барои соли равон ба андозаи 36,4% ё худ 8,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст.

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021” ва Нишондиҳанаҳои дурнамои Буҷети давлатии давраи солҳои 2022-2023 гуфта мешавад, ҳаҷми умумии қисмати даромади Буҷети давлатии соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ, соли 2022 - зиёда аз 30,9 млрд сомонӣ ва соли 2023 - беш аз 32,2 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бар асари таъсири пандемияи коронавируси нав ба иқтисоди кишвар, буҷети соли ҷорӣ бозбинӣ ва ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан пешбинишуда дар ҳаҷми 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат афзоиши қисмати хароҷоти буҷетро  дар соли 2023 ба андозаи 26,1% ё худ 6,8 млрд сомонӣ дар муқоиса бо нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷот барои соли ҷорӣ (26 млрд сомонӣ) пешбинӣ кардааст.

Ба ин тариқ, хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ, соли 2022 - 31,5 млрд сомонӣ ва соли 2023 - 32,9 млрд сомонӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки даромади Буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 16,5 млрд сомониро ташкил дод, ки аз нақгшаи тасҳеҳшуда 565 млн сомонӣ камтар аст.

Камбуди воридшавии маблағ ба буҷетро дар ин давра Вазорати молия дар навбати аввал, коҳиши даромад аз пардохти андозҳои асосӣ - андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда маънидод мекунад. Ҳиссаи андозҳо дар буҷети ҷумҳурӣ то ба 70% мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.