Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» имзо гузошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст.
Гуфта мешавад, дар қонун ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба Буҷети соли 2020 ба андозаи 1 млрд. 591, 8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин таъкид мешавад, ки дар Буҷети соли 2021 ба мисли солҳои гузашта бештар ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Аз ҷумла, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф 11,8 дарсад ва тандурустӣ 8,4 дарсад пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Таджикистан в первом квартале продал соседям электричество почти на $7,2 миллиона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста