Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 16,2 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

 Ин нишондиҳанда 17,9% (зиёда аз 3,6 млрд сомонӣ) камтар аз нақшаи пешбинишудаи харҷоти буҷет дар ин давра мебошад.

Қариб ба ҳамаи соҳаҳо аз нақша камтар маблағ харҷ шуд, ба ҷуз бахши таъминот бо сӯзишворӣ ва соҳаи энергетика, ки ба онҳо ҳудуди 2,9 млрд сомонӣ (2,4% аз нақша зиёдтар) маблағ равона шуд.

Соҳаи тандурустӣ 39,3% (550 млн сомонӣ), бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 33,1%, маориф - 19,5%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  - 18,5%, фарҳанг ва варзиш - 11,2%, Хоҷагии манзилию коммуналӣ - 10,5%, саноат ва сохтмон - 10,2%, бахши кишоварзӣ - 8,2%, нақлиёт ва коммуникатсия - 7% аз нақша камтар маблағ гирифтанд.

Ҳиссаи соҳаҳо дар сохтори умумии хароҷоти буҷет тариқи зайл аст: комплекси сӯзишворӣ ва энергетика - 17,8%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 16,4%, тандурустӣ - 8,9%, Хоҷагии манзилию коммуналӣ - 6,1%, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 5,3%, нақлиёт ва коммуникатсия - 4,4%, фарҳанг ва варзиш - 4%, бахши кишоварзӣ - 2,8%, саноат - 0,7% ва дигар хароҷот, ки ба соҳаи муайян мансуб нест - 7,7%.

Даромади буҷет дар ин давра 16,5 млд сомониро ташкил дод, ки 3,3% (570 млн сомонӣ) аз ҳаҷми пешбинишуда камтар аст.

Ҳиссаи воридшавии маблағ аз пардохти андоз дар буҷети давлатӣ 66,3%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумат лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.