Фармоишгарон ва паймонкорону кулли сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар маркази Душанбе, ки сохтмонаш аллакай 15 сол инҷониб идома дорад, соли 2021 боз ба имтиёзҳо аз пардохти андоз соҳиб мешаванд.
Иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои фармоишгар ва паймонкори кулл, аз ҷумла аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд, қайд мешавад дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021.
Соли оянда танҳо ба фармоишгарон ва паймонкорони сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои тиббӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ чунин имтиёзҳо дода мешаванд.
Маросими оғози сохтмони меҳмонхона 15 марти соли 2006 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, яъне имсол метавон 15-солагии оғози сохтмонро таҷлил намуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.
Иншооти мазкур дар хиёбони марказии Рӯдакии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.
Нахуст зикр гардида буд, ки сохтмони иншоот дар муддати якуним сол пурра ба охир мерасад, лекин 15 сол инҷониб идома дорад.
Фармоишгари иншоот ҷамъияти саҳҳомии «Доллмарк Лтд», ки дар Ҷазираҳои Бритониёии Вирҷиния ба қайд гирифта шудааст ва паймонкори кулл – «Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd»-и Чин мебошанд.
Раҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ тобистони соли гузашта итминон дода буд, ки иншоот соли 2020 ба истифода дода мешавад.
“Бунёди сохтори бино пурра ба анҷом расида, танҳо корҳои андова ва пардоз боқӣ мондаанд. Бовар дорам, ки то соли оянда сохтмони иншооти мазкур пурра ба итмом мерасад”, - гуфта буд он замон роҳбари Кумита Ҷамшед Аҳмадзода.
Моҳи ноябри соли гузашта дар меҳмонхонаи сохтмонаш нотамом сӯхтор сар зада, сабаби онро баъдан “истифодаи нодурусти барқ аз ҷониби бинокорон” унвон карданд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо қарори ҳукумат ба Хадамоти гумрук дастур дода шуд, ки “анҷоми расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи мақсадноки молу масолеҳеро, ки барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда ворид карда мешаванд, таъмин кунад”.
Ҳамасола бо қарори ҳукумат мутобиқи қонун “Дар бора буҷет” номгӯи муайяни молу маҳсулоте, ки дар соли дахлдор бо имтиёз барои сохтмони ин меҳмонхона ворид карда мешаванд, тасдиқ мегардад.
Сабаби даҳсолаҳо тӯл кашидани сохтмони меҳмонхонаро маҳз ба тасдиқи номгӯйи имтиёзноки масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва дигар маҳсулот рабт медиҳанд. Шахсони наздик ба соҳаи сохтмон тасдиқ мекунанд, ки аз ҳисоби молу маҳсулоти гаронарзиши воридкарда барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор пули зиёд метавон ба даст овард, зеро қариб бепул гузаронидани он аз сарҳад, онҳоро дар бозор бидуни рақобат мегузорад.
Аммо, аз ҷумла ин гуфтаҳо ва сабаби ба даҳсолаҳо тӯл кашидани сохтмони меҳмонхона ба ҳеҷ гунае аз ҷониби сохторҳои расмӣ шарҳ дода намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста