Вақтҳои охир нархи маҳсулот дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст. Як литр равған наздик ба 20 сомонӣ ва килограми гӯшт бошад то 65 сомонӣ арзиш дорад. Хабарнигорони “Азия-Плюс” ба яке аз бозорҳои маъруфи шаҳр - “Меҳргон” сар заданд, то бифаҳманд, ки нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал имрӯз дар чӣ поя аст.

Дар бозор харидорон хеле кам ба назар мерасанд. Савдогарон мегӯянд, пас аз соли нав вазъ ҳамингуна аст ва мардум хеле кам барои харид меояд. Сабабашро худи сокинон дар гаронии нарх арзёбӣ карданд.

Сокини шаҳри Душанбе, Баргигул Қурбонова, ки барои харид омадааст ва аз ҳисоби фаррошӣ моҳона аз 700 то 800 сомонӣ маош мегирад, мегӯяд нархи маҳсулот дар бозор рӯз то рӯз қимат шуда истодааст.

“Дар як моҳ якбор (ба бозор, - аз идора) меоям. Ҳозир (нарх, - аз идора) боз қиматтар шудаанд. Хостам тухм бихарам, ки 36-сомонӣ шудаст. Пеш 30-32 сомонӣ буд, камтар арзонтар буд. Ҳозир қимат шуда истодааст. Моҳи гузашта равғани 5 литраи навъи Арзоқро 95 сомонӣ харида будам”, - иброз дошт Баргигул Қурбонова

Дар ҳамин ҳол Муҳриддин Касиров сокини ноҳияи Рашт, ки ба Душанбе аз ноҳия маҳсулотҳои деҳқониашро оварда мефурӯшад ва аз ин ҷо барои рӯзгораш харид карда бармегардад, мегӯяд, нархи маҳсулот назар ба моҳҳои қаблӣ каме арзон шудааст. Аммо бо вуҷуди каме арзонӣ, ин на барои ҳама дастрас аст.

“Мақсади асосӣ барои харидани орд аст. Албатта, баъди мушоҳидаҳо, назар ба як моҳи пеш ва зиёдтар аз ин нисбатан арзонтар аст. Лекин ҳоло ҳам қимат аст. Ин маоше, ки мегирем, қиматтар аст, албатта. Хуб мешуд, агар барои халқе, ки бисёре аз онҳо мумкин ҷои кор надоранд ё ки шароити мушкил доранд, арзонтар мешуд, боз хубтар буд”, - мегӯяд Касиров.

Хамзамон, нархи барх емахсулот каме поин рафтааст. Барои мисол, як халта навъи олии орди ватанӣ ҳоло аз 245 то 235 сомонӣ арзиш дорад, ки 4-5 сомонӣ назар ба аввали гароншавии умумӣ арзонтар аст. Нархи картошка - 3,5 сомонӣ, пиёз 2-сомонӣ, як литри равғани офтобпараст – 19 сомонӣ ва равгани пахта - 16,5 сомонӣ мебошад.

Asia-Plus

Маъмурияти бозори Меҳргон мегӯянд, болоравии нархи маҳсулоти аз хориҷ воридмешуда ба қурби асъори хориҷӣ вобаста буда, маҳсулоти дохилӣ бошад, ба сардӣ ва боришоти мавсимӣ бастагӣ дорад.

“Кишоварзони мо, ки киштукор мекунанд, дар вақтҳои сардӣ ва боришоти бисёр ба дохили полезашон даромада наметавонанд ва маҳсулотҳояшонро ба бозор намебароранд, аз ин сабаб нархҳо боло мераванду, боз ба ҷойи аввалашон бармегарданд”, - мегӯяд маъмури бозори “Меҳргон” Фахриддин Холов.

Болоравии охири нархҳо моҳи октябр ба вуҷуд омада буд, ки аз он ғайримаъмулӣ ном мебаранд. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон каме беш аз 400 сомонӣ ва маоши  миёна бошад, назидки 1500 сомониро ташкил медихад. Даромади асосии аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон буд, ки имсол бо сабаби баста будани сарҳадҳо онҳо ба Ватан аз 10 то 40 фоиз кам маблағ интиқол доданд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.