Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки паркҳои техникӣ ва технологияҳои рақамӣ даъват кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар чараёни кори Форуми иқтисодии Созмон дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» рӯзи 23 июн дар шаҳри Душанбе ӯ изҳор дошт, ки амалисозии чунин лоиҳаҳо бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ имконпазир аст.
Ӯ татбиқи лоиҳаҳоро, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар самтҳои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдо дар фазои СҲШ тавсия дод.
Бо ин мақсад Завқизода пешниҳод намуд, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар чаҳорчӯби СҲШ таҳия шавад.
Ӯ таъкид дошт, ки дар Тоҷикистон консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳиссаи савдои хориҷиро бо давлатҳои СҲШ то 61 фоиз афзоиш дода, бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.
Дар кори форум вазирон ва намояндагони кишварҳои аъзо, инчунин нозирони СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Дар фарҷоми форум бо мақсади бештар тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ «Эъломияи Душанбе» қабул гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Казахстане похитили свыше $2 млн, выделенных на содержание дамб
УМВД: В Душанбе 13-летний мальчик покончил жизнь самоубийством, бросившись с 16 этажа
Глобальный порядок, экономика и образование: о чем Кэмерон приехал говорить с лидерами ЦА?
В Таджикистане адвоката обвиняют в мошенничестве: потребовал 200 тысяч за помощь в суде
В Душанбе состоялась выставка детских рисунков, посвященных вакцинации
«Банк Эсхата» приглашает на внеочередное общее собрание акционеров
Как в условиях нехватки воды страны Центральной Азии экономят водные ресурсы?
В Согде таможенники предотвратили попытку контрабанды лекарств из Кыргызстана
На севере и юге Таджикистана зафиксированы сходы селей и камнепады
Сулеймана выписали из больницы после укола в миллион долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста