Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори чорум дар соли ҷорӣ меъёри бозтамвилро аз 13% то ба 13,25%-и солона боло бурд.
Дар қарори Кумитаи сиёсати пуливу қарзии Бонки миллӣ гуфта мешавад, меъёри навшуда аз 25 октябр амал мекунад.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли равон меъёри бозтамвил то 11%-и солона, охири моҳи апрел - то 12% ва охири моҳи июл - то 13%-и солона боло бурда шуд.
Бонки миллӣ шарҳ медиҳад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши фишори таваррум ва нигаҳдории нарху тарифҳо дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок қабул шудааст.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.
Тибқи маълумоти БМТ, сатҳи таваррум давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 5,3%-ро ташкил дод, ки 0,2 банди фоизӣ болотар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Аз ҷумла нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра ба андозаи 3,8%, маҳсулоти ғайриозуқа - 5,8% ва таърифаҳо (тарифҳо)-и хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 9% боло рафт.
Қобили зикр аст, ки меъёри бозтамвил фишанги калидии танзими амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.
Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.
Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.