Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон 60 ҳазору 337 муҳоҷири тоҷик баргаштаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,6 маротиба зиёд будааст. Шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин сол ба Русия рафтаанд 106 ҳазору 132 нафар гуфта мешавад.

Шумораи нафарони ба муҳоҷиратрафта 3,1 маротиба бештар будааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  ба “Азия - Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра, 51 ҳазору 846 мард аз Русия ба ватан баргаштаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 2,8 маротиба зиёд аст. Шумораи занҳое, ки ба Тоҷикистон омадаанд 8491 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 77 дарсад зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 2611 муҳоҷири тоҷик, ки иҷозаи сафар ба Русияро надоштанд, аз сафар баргардонида шуданд, ки аз ин 2420 мард ва 191 зан будаанд.

Ба иттилои манбаъи мо, то охири соли 2021 воридшавии 156 ҳазору 392 муҳоҷири тоҷик ба Русия барои солҳои гуногун манъ шудааст ва онҳо иҷозаи рафтан ба ин кишварро надоранд.

Зиёда аз 2,5 маротиба зиёд баргаштани муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки шурӯъ аз 24 феврали соли равон  ҷанги Русия дар Укроин идома дорад ва он ба вазъи кори муҳоҷирон таъсири амиқ расонид. Аз ҷумла, дар натиҷаи таҳрими кишварҳои аврупоӣ болои Русия бештари ширкатҳои борнуфузи тиҷоратӣ фаъолияти худро дар ин кишвар қатъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, охири моҳи март қурби рубл дар баробари сомонӣ якбора поин шуд, ки ин беихтиёр ба вазъи оилаҳои муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳарчанд дар ин авохир қурби рубли русӣ рӯ ба боло дорад, аммо муҳоҷирон аз мушкили корёбӣ ва аз хатарҳои аз даст додани ҷойи корашон шикоят доранд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекунанд ва маблағи интиқолии онҳо чархаи асосии иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.