Тайи ҳафт соли ахир арзиши орд дар Тоҷикистон 2 баробар боло рафт. Агар дар соли 2015 як халта ордро метавонистӣ бо 160 сомонӣ бихарӣ, пас имрӯз нархи миёнаи он ба 320 сомонӣ баробар аст.

Истеҳсолкунандагони Тоҷикистон мегӯянд, ба болоравии нархи орд ҳеҷ муносибате надоранд. Намояндагони ширкатҳои воридкунандаи орд ба бозори Тоҷикистон сабабҳои зерини болоравии нархро номбар мекунанд:

1. Гандум дар саросари дунё қимат мешавад

Нархи чаканаи 1 килограм гандум дар бозори ҷаҳонӣ 4 сомонӣ, дар Қазоқистон - ҳудуди 3,4 сомониро ташкил медиҳад. Давоми ҳафтаи гузашта нархи гандум дар Қазоқистон 1500 танга зиёд шуда, аз 118 то 119,5 ҳазор танга (аз 265,81 то 269.19 доллар) барои 1 тонна боло рафт.

Ба ин тартиб, бозори дохилӣ пуёӣ (динамика)-и бозори ҷаҳониро такрор кард, ки дар он арзиши 1 тонна зироати ғалладонаи озуқавӣ аз 315,5 то 321,3 доллар зиёд шуд, хабар медиҳад Eldala.kz.

Коршиносон боқӣ мондани тамоюли болоравии арзиши зироати кишоварзиро пешгӯйӣ мекунан. Барои ин чандин сабаб мавҷуд аст, аз ҷумла пешгӯиҳои номусоиди ҳосил дар соли 2022.

2. Нуриҳои минералӣ намерасанд

Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 10 декабри соли гузашта ҳушдор дод, ки бар асари афзоиши нарх ба нуриҳои минералӣ, соли оянда ба вуҷуд омадани буҳрони озуқаворӣ аз эҳтимол дур нест. Тавре ки Eldala.kz менависад, сабаб дар буҳрони газ аст, ки аз таркибҳои асосии истеҳсоли нуриҳои минералии азотӣ ба шумор рафта, тайи як сол шаш баробар гарон шуд.

Ширкатҳои истеҳсолкунанда маҷбуранд, ки истеҳсолотро коҳиш диҳанд ва ин ба камбуд дар бозор оварда мерасонад.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, имрӯз нархи 1 тонна диаммонийи фосфат дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳадди 670 доллар гузашта, арзиши суперфосфати сегона ба 618 доллар расидааст.


3. Ҳосил кам мешавад

Паёми возеҳи ин вазъро коршиносон коҳиши ҳосилнокӣ, камшавии истеҳсоли зироати ғалладона ва даври нави болоравии нарх ба маҳсулоти озуқаворӣ дар соли 2022 унвон мекунанд.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон ба содироти гандум ва орд аз кишвар маҳдудият ҷорӣ кард.

Аз замони мавриди амал қарор гирифтани ин фармон то 15 июли соли 2022 содироти гандум ва орд танҳо дар доираи ҳаҷми квотаҳои тасдиқшуда сурат мегирад.

Қазоқистон гандумашро асосан дар бозорҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мефурӯшад. Агар вазъияти марбут ба болоравии нархи гандум тағйир наёбад, ба бахши кишоварзии Қазоқистон муфлисӣ таҳдид мекунад.

4. Тоҷирон нархҳоро баланд мекунанд - ин ба фоидаи ҳама нест

Вакили Маҷлиси Қазоқистон Айбек Паяев пешниҳод намудааст, ки содироти зироати ғалладона аз кишвар то ҳосили нав боздошта шавад, то ки ба қатъи фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ роҳ дода нашуда, нархҳо собит шаванд ва бозори дохилӣ бо орд ва хӯрока таъмин карда шаванд. Тавре ки нашрияҳои Қазоқистон менависанд,  тоҷирон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Афғонистон гандумро аз ҳамаи анборҳо (элеваторҳо)-и кишвар мехаранд.

Коршиносони Қазоқистон бар ин назаранд, ки тоҷирон нархро сунъӣ ҷорӣ намуда, ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имкон намедиҳанд, ки гандуми худашонро коркард кунанд. Воридкунандагон аз равишҳои савдои беназм истифода мебаранд, то ки аз Қазоқистон ҳарчи бештар ғалладона баранд ва дар натиҷа фаъолияти корхонаҳои коркард дар кишвари худро рушд медиҳанд.

Тоҷикистон зиёда аз 90% аз ҳаҷми умумии гандуми воридотии худро маҳз аз Қазоқистон мехарад. Соли 2021 ҷумҳурӣ аз ин кишвар ҳудуди 1 млн тонна гандум харид.

 

5. Афзоиши хароҷоти боркашонӣ 

Соли 2022 сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ 1,7 баробар қимат шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2022 арзиши бензин ба андозаи 2,9% ва сӯзишвории дизелӣ - 8% боло рафт.

Албатта, ин ба нархи маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад, зеро корхонаҳо орди бандубастшударо ба нуқтаҳои фурӯш дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон мефиристанд.

Қаблан коршиносон дар Тоҷикистон истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони ордро ба он гунаҳкор медонистанд, ки бо истифода аз бесарусомониҳои муноқиша байни Русия ва Украина нархро ба таври сунъӣ боло мебаранд.

Аммо ширкатҳои воридкунандаи орд дар Тоҷикистон ин айбҳоро қотеъона рад карда, онҳоро беасос мешуморанд.  

6. Сарборӣ ба квотаҳо

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Қазоқистон, содироти гандум ва орд дар доираи квотаҳои пештар муқарраргардида амалӣ мешавад. 

Квотаҳо дар ҳаҷми зерин муқаррар шудаанд: барои гандум ва меслин - 1 млн тонна;

барои орди гандум ё ҷавдор - 300 ҳазор тонна.

Тибқи ин квота Тоҷикистон ҳам аз Қазоқистон зироати ғалладона мегирад, лекин акнун бо нархи баланд.

Ба квотаҳо сарбории иловагӣ гузошта мешавад. Барои ба даст овардани квота содиркунандагон вазифадоранд, ки 10% аз ҳаҷми содироти гандумро ба корхонаи давлатӣ бо нархи арзон фурӯшанд, ки фарқии нархҳо мутаносибан дар гандуми содиротӣ ифода меёбад.

7. Пайомадҳои “амалиёти махсус”

Истеҳсолкунандагони орд дар Тоҷикистон ҳамчунин аз иқтидори таърихии содиротии Русия ва Украина (қариб 30%-и ҷаҳон) ва оқибатҳои эҳтимолии тӯлонишудаи амалиёти низомии махсус дар Украина, яъне гузаштани мавсими кишт дар Украина ёдовар мешаванд, ки 7 фоизи иқтидори умумии ҷаҳонӣ аст.

Ҳарчанд ва бо вуҷуди оғози мавсими кишт дар Федератсияи Русия, бинобар таҳримҳои ҷоришуда, эҳтимоли содирот аз 22% ё аз он пасттар мешавад, ки ин ба нархи ҷаҳонии зироати ғалладона, аз ҷумла гандум низ таъсир мерасонад.

Ҳамчунин бо назардошти имкони он, ки Федератсияи Русия метавонад ба рӯйхати рубл ба таври иловагӣ на танҳо нуриҳои органикӣ, балки маҳсулоти стратегии кишоварзиро низ ворид кунад ва зироати ғалладона яке аз ин маҳсулотҳост, эҳтимоли майл надоштан ба тиҷорат бо рубл метавонад ба нархҳои ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонад.

Гузариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ ба рубли русӣ метавонад хароҷоти мутақобиларо ба вуҷуд орад, ки ин ҳам метавонад ба болоравии нархи маҳсулот ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ боис гардад.

8. Тағйирёбии қурби асъор

Инчунин дар бораи фарқи ноустувори қурби асъор ва тағйирёбии мубодилаи арз, ки ба қурби доллар ва рубли русӣ, инчунин сиёсати умумии Бонки миллӣ оид ба ҷилавгирии иҷбории нигаҳдории доллар дар доираи ҳисоббаробариҳо таъсир расонид, чанд сатр илова кардан лозим аст. Ин омил ба бонкҳо имкон надод, ки аз “қурби шинокунанда” истифода баранд.

Ҳарчанд бо ин имконот ҳам дар мавриди аввал бо доллари амрикоӣ харидорони гандум бо коркарди минбаъда дар дохили Тоҷикистон аз фарқии қурб ва дар мавриди дуввум бо рубли русӣ дар мубодилаи дубора зиён хоҳанд дид, зеро ҳатто бо Қазоқистон корхонаҳои Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниро бо доллар анҷом медиҳанд, дар ҳоле ки дар масъалаҳои мубодила ва бозсодирот (реэкспорт)-и мутақобила Қазоқистон ва Русия метавонанд ба ҳисоббаробаркуниҳои рубл гузаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.