Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар бораи рӯйи даст гирифтани тадбирҳои таъхирнопазир барои бартараф намудани қарз аз музди меҳнат изҳори назар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин Вазорат.

Дар ҷаласаи  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат, ки рӯзи 18 ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, ӯ изҳор намуд, ки масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон зери назорати президенти кишвар қарор дорад.

“Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешем”, - гуфтааст Амонзода.

Ширин Амонзода
Сурат аз mehnat.tj

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, қарзи умумӣ аз пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти бақияи солҳои пешин то аввали моҳи сентябри соли 2022 зиёда аз 27,6 млн сомонӣ (ҳудуди 2,7 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли равон ҳаҷми умумии қарз аз музди меҳнат ба андозаи 25% ё худ 9 млн сомонӣ кам шуд. Коҳиши ҳаҷми қарз аз маош дар ҳамаи навъҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ ба мушоҳида мерасад, ба ҷуз саноати коркард, ки дар он қарз 6,2 ҳазор сомонӣ (0,2%) афзудааст.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - ҳудуди 15 млн сомонӣ (54,3% аз ҳаҷми умумии қарз), дар соҳаҳои нақлиёт ва нигаҳдории молу маҳсулот - зиёда аз 6,1 млн сомонӣ (22,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, музди  меҳнати моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи августи соли равон ба ҳисоби миёна 1623 сомонӣ (160 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо ба 4949 сомонӣ (485 доллар) баробар аст. Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки 672 сомонӣ (66 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 июли соли равон музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ аз 20 то 25% боло рафт.

Ҳаҷми ҳадди аққали (минималӣ)-и музди меҳнат барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон айни замон 600 сомонӣ (57) долларро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.