Дар Палатаи савдо ва саноати Липетск рӯзи 13 март гуфтушуниди ҳайатҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва ширкати “Форсаж”-и Русия оид ба сохтмони корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд баргузор шуд, хабар медиҳад Иттифоқи "Липецкая ТПП".
Қаблан рӯзҳои 2-4 март ҳайати соҳибкорони вилояти Липетск бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар ҷараёни сафар намояндагони ширкатҳои вилоят бо фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Суғд”, муҳити сармоягузорӣ, имтиёзот аз пардохти андоз, иншооти зерсохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва молҳои истеҳсолмешуда дар онҳо шинос шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунид ҳайати Тоҷикистон ба роҳандозии истеҳсоли муштараки маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Сипас намояндагони минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо мақсади шиносоии бевосита бо имконоти корхонаи ҶДММ “Форсаж” ва таҷҳизоти истеҳсолии он ба вилояти Липетск сафар карданд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҳамчунин масоили роҳандозии истеҳсолоти муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, Маркази дастгирии содирот аз ҷониби худ ширкати “Форсаж”-ро дар масоили логистика ва расмиёти гумрук роҳнамоӣ мекунад.
“Хурсандем, ки сафари мо ба Тоҷикистон натиҷаҳои хуб меорад. Ширкатҳои “Форсаж ва “Прицепцентр” аллакай оид ба истеҳсолоти муштарак шарикони худро ёфта, корҳо дар марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳа қарор доранд.
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон ба корхонаҳои Липетск имкон медиҳад, ки иқдомҳои сармоягузории худро дар Тоҷикистон амалӣ кунанд”, - зикр кардааст президенти Палатаи савдо ва саноати Липетск Анатолий Голтсов.
Қобили зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 дар майдони 320 гектар таъсис дода шуда, дар он 29 субъект ба қайд гирифта шудааст. Айни замон 13 субъект ба истеҳсоли молу маҳсулоти таъиноти маишӣ ва саноатӣ машғуланд.
Ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон тибқи барномаи махсуси пардохти андоз кор мекунанд. Аз 10 андози дар Кодекси андози ҷумҳурӣ пешбинишуда субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо дутоаш - 25% андози иҷтимоӣ (аз Фонди пардохти меҳнат)-ро пардохт намуда, аз 8 то 13% андоз аз даромад аз маоши корманд ситонида мешавад.
Грипп атакует. Народные средства, которые помогают справиться с вирусом
Активный отдых в Узбекистане: какие есть возможности для спортивного туризма в этой стране?
В Казахстане сегодня проходит референдум по строительству АЭС
«Операция скутер»: какие правила есть для владельцев скутеров в Таджикистане?
В Таджикистане будут изготавливать активно-тяговые протезы. Их можно будет получить, в том числе, бесплатно
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 октября 2024 года
Моя соседка бьет ребенка. Что я могу сделать?
Традиционная китайская свадьба: как она на самом деле проходит?
Правила жизни Эмомали Рахмона
Премьер-министр Таджикистана заявил о нарушении прав и свобод таджикистанцев в России
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста