Дар меҳмонхонаи Hilton Dushanbe-и пойтахт рӯзи 12 сентябр баргузории ҳамоиши тиҷоратии муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, Қазоқистонро дар форум 15 ширкат дар соҳои гуногун, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ (истеҳсоли равғану орд, маснуоти макаронӣ, қаннодӣ ва гӯштӣ), бахши кишоварзӣ (истеҳсоли хӯрока барои чорво), таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакавӣ, истеҳсоли трансформатор ва истеҳсоли фосфатии нуриҳои минералӣ намояндагӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, дар форум маҳсулот ва дастовардҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ ва саноати иктишофи геологӣ муаррифӣ мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ҷустуҷӯ ва дарёфти шарикони корӣ байни соҳибкорони ду кишвар, инчунин густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ унвон мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин таҷрибаи ҳамкорӣ дар доираи чунин чорабиниҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон нест.
Солҳои пеш - моҳи июли соли 2019 ва моҳи марти соли 2021 низ дар Душанбе форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида буданд.
Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон рӯзи 3 май дар Остона форуми тиҷоратии кишварҳо баргузор шуд.
Дар ин форум зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун иштирок карданд.
Дар ҷараёни кори ҳамоиш ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар ҳудуди 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.