Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 2 апрел эълон кард, ки ба воридоти молу маҳсулот аз 185 кишвар ва қаламрав таърифаҳо (тарифҳо)-и бузургмиқёс ҷорӣ мешавад.
Сиёсати нави таърифаҳоро сарвари Кохи Сафед “ҳифзи саноати ИМА, коҳиши касри савдо, рафъи таҷрибаҳои беадолатонаи тиҷорат ва барқарор намудани соҳибистиқлолии иқтисодии ИМА” номид.
Таърифаҳои заминавӣ ба андозаи 10%, ки Доналд Трамп нисбати ҳудуди 160 кишвар ва қаламрави ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷорӣ кард, аз 5 апрел мавриди амал қарор гирифтанд.
Барои 27 кишвар таърифаҳои баландшуда, зиёда аз 20%, ки бояд аз 9 апрели ҳамин сол амал мекарданд, муқаррар шуданд.
Лекин аллакай рӯзи 9 апрел президенти ИМА ҷорӣ гардидани таърифаҳои баландшударо нисбати ҳамаи кишварҳо ба таъхир андохт (ба муҳлати 3 моҳ). Дар ин давра дар ИМА барои ҳама (ба ҷуз Чин) таърифаҳои 10% ба воридот амал мекунанд.
Таърифаҳои Доналд Трамп чистанд?
Зери мафҳуми таърифа ин ҷо меъёри боҷи воридотии гумрукӣ - навъҳои гуногуни андоз, ки давлат аз молу маҳсулоти воридмешуда ба кишвар меситонад, фаҳмида мешавад.

Ҳамчунин боҷи содиротии гумирукӣ низ вуҷуд дорад, ки мутаносибан аз молу маҳсулоти ба берун аз ҳудуди кишвар содирмешуда ситонида мешавад.
Русия
Қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Трамп Русия, Беларус, Кореяи Шимолӣ ва Куба зикр нашудаанд. Дар Кохи Сафед инро чунин шарҳ доданд, ки бо ин кишварҳо муомилоти савдо нест. Аммо мебояд гуфт, ки соли 2024 Русия бо ИМА ба маблағи 3,5 млрд доллар (0,5% аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Русия дар соли 2024) муомилоти савдо анҷом додааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ
Қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯйхати Трамп миёни кишварҳое ҷой гирифтанд, ки нисбати онҳо сатҳи ҳадди ақалли таърифа (10%) муқаррар шуд. Ин ба ҳаҷми ночизи интиқол аз кишварҳои минтақа, ки асосан ашёи хом аст, марбут мебошад.
Ягона кишвари минтақа, ки зери таърифаи баландшуда қарор гирифт, Қазоқистон (27%) мебошад, ки шарики тиҷоратии нисбатан бузурги ИМА миёни кишварҳои минтақа шуморида мешавад.
Қазоқистон
Тибқи маълумоти Дафтар (Бюро)-и омори миллии Қазоқистон, соли 2024 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Қазоқиситон ва ИМА 4,2 млрд долларро ташкил дода, аз Қазоқистон ба ИМА ба маблағи 2 млрд доллар молу маҳсулот (3% аз содироти умумии Қазоқистон дар соли 2024) содир шудааст.
Ӯзбекистон
Интиқоли молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба ИМА дар соли 2024 ҳамагӣ ба маблағи ҳудуди 45 млн доллар сурат гирифтааст, ки ба 0,2% аз ҳаҷми умумии содироти Ӯзбекистон дар соли гузашта баробар аст. Аз Ӯзбекистон ба ИМА асосан тилло, маҳсулоти кимиёвӣ ва сӯзишвории минералӣ содир шудааст.

Қирғизистон
Соли 2024 аз Қирғизистон ба ИМА ба маблағи каме зиёдтар аз 6 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст. Ин ба 0,2% аз ҳаҷми умумии содироти ин кишвар дар соли гузашта баробар аст. Ба ИМА маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти чорводорӣ, инчунин таҷҳизоти гуногун интиқол дода шудааст.
Тоҷикистон
Соли 2024 ҳаҷми умумии савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ИМА тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, 147,3 млн долларро ташкил додааст, ки ба 1,6% аз ҳаҷми умумии савдои хорҷии Тоҷикистон рост меояд.
Аз ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 132 млн доллар молу маҳсулот ворид шуда, аз Тоҷикистон ба ИМА ҳамагӣ ба маблағи 15,3 млн доллар (0,8% аз ҳаҷми умумии содирот дар соли 2024) молу маҳсулот содир шудааст.
Аз Тоҷикистон ба ИМА дар ҳаҷми начандон зиёд шарбатҳои табиӣ, меваи хушк ва баъзе маҳсулоти минералӣ (ашёи хом) содир карда мешавад.
Тобистони соли 2022 нашрияи амрикоии Defense News навишта буд, ки ИМА сурмаро асосан аз Чин ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия гирифта, “Тоҷикистон мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ба сифати кишвари сеюми таҳвилгари сурма мустаҳкам мекунад”.
Захираи умумии сурма дар Тоҷикистон 265 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.
Муаллифони мавод таъкид дошта буданд, ки сурма барои саноати мудофиавии ИМА аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Он дар меҳвари тиру силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ (ядроӣ), инчунин барои истеҳсоли дигар техникаи таъиноти ҳарбӣ, аз қабили дастгоҳҳои биниши шабона истифода мешавад.
Коршиносони тоҷик аз ягон таъсири мустақими таърифаҳои Трамп интзорӣ надоранд, лекин таъсири ғайримустақимро ба иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа аз эҳтимол дур намедонанд.
Корманди бахши молия Сулаймон Орифов бар ин назар аст, ки сиёсати нави савдои хориҷии ИМА дар ҳамон шакли аз ҷониби Трамп муаррифишуда амал карда, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа минбаъд бар асари поинравии нарх ба маҳсулоти ашёи хом метавонанд осеб бинанд.
Иддаъои худро ӯ тариқи зайл шарҳ дод:
“Таърифаҳои Трамп ва посухҳои имконпазири меъёрҳои баландшуда нисбати ИМА ба халалдор шудани занҷираҳои савдо ва коҳиши савдои ҷаҳонӣ оварда мерасонанд. Молу маҳсулот гарон ва харидорон кам мешаванд. Сарбории иловагии нарх дар ниҳояти кор ба дӯши истеъмолгарон афтода, иқтидори харидории онҳо кам мешавад. Ин бошад, ба коҳиши савдо ва мутаносибан камшавии истеҳсол ва шуғл боис мегардад. Такрори ин занҷира (сикл) ба коҳиши талабот ба маҳсулоти ашёи хом, ки содироти кишварҳои минтақа асосан аз он иборат аст, оварда мерасонад”.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) чанде пеш изҳор доштанд, ки таъсир ба кишварҳои узви БАОР ҳадди ақалл хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин Русия, Беларус ва Арманистон узви ин ниҳоди молиявӣ мебошанд.
Лекин дар изҳороти онҳо зикр мешавад, ки дар сурати таъсири начандон зиёд натиҷаҳои зерини ғайримустақим имконпазир аст:
- сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ба коҳиши талабот ба маҳсулоти ашёи хом боис гардида, мутаносибан ба даромади кишварҳои содиркунандаи захираҳои энергетикӣ ва вуруди сармоягузорӣ таъсир манфӣ меасонад;
- номуайянии беҳад зиёд ва коҳиши фаъолмандии корӣ дар ҷаҳон ба тағйирёбии нархҳо ба нафт оварда мерасонад. Дар сурати идомаи ташаннуҷи муносибатҳои тиҷоратии мутақобила, нархи нафт дар давраи кӯтоҳмуҳлат метавонад то 40-50 доллар барои 1 баррел поин равад;
- дар пасманзари тақвияти хавфҳои иқтисодии хориҷӣ, асъори кишварҳои минтақа зери фишор қарор мегиранд.