Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабарномае шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват кардааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро (беш аз 8000-8625 сомонӣ) буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд.
Ширкати корфармо чунин шароитро пешниҳод мекунад:
- Ҷойи зист (якҷоя) ва хурдӯ хӯрок;
- Суғуртаи тиббӣ;
- Харҷи нақлиёт;
- Чиптаи ҳавопаймо барои рафтуомад.
Аз довталабоне, ки дар ин вазифа кор кардан мехоҳанд, доштани 2 сол таҷрибаи корӣ дар самти фурӯшу хидматрасонӣ ба муштариён ва озод суҳбат кардан бо забонҳои русиву англисӣ талаб карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд тариқи почтаи электронии [email protected] ва сомонаи tawzeef.qa дархост гузоранд.
Вазорат барои гирифтани маълумоти бештар суроға ва рақамҳои тамоси Агентии муҳоҷират ва филиалҳои минтақавии онро нашр кардааст:
- Душанбе: кӯчаи Лоҳутӣ, 108, тел.: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679.
- Хуҷанд: маҳаллаи 28, хона 2А, тел.: +992928079999.
- Бохтар: кӯчаи Файзалӣ Саид, хонаи 69, тел.: +992905800063, +992934878828
- Хорӯғ: кӯчаи Н. Атобек, хонаи 16, тел.: +992935101439.
Ёдрас мешавем, ки давлати Қатар қаблан низ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар вазифаҳои пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор, ҳамчунин мутахассисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо ва соҳаи чорвопарвариро барои кор дар ин кишвар даъват карда буд.
Ҳамчунин, аввали соли равон Вазорати меҳнат ва муҳоҷират рӯйхати касбу ихтисосҳои дар давлати Қатар серталабро нашр кард.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста