Як зани 54-солаи сокини ноҳияи Ҳисор зери чархи тепловоз монда, ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  тахминан соати 03:55-дақиқаи рӯзи 28 июн тепловози тамғаи “ТЭМ-2 4143” таҳти идораи марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 42-солаи сокини  шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар километри 46-63-и хати роҳи оҳани Душанбе-Пахтаобод, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор зани 54-солаи сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.