Ба гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона ба яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд 3 нафар боздошт шуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки боздоштшудаҳо марди 28-солаи қаблан бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Русия судшуда, марди 21-солаи донишҷӯ, сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе мебошанд.

«Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон бо маслиҳати пешакӣ тахминан соати 02:00-и, шаби 24 ба 25-уми январи соли 2017 бо ниқоб ва олоти оҳанин ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”-и деҳаи Работи ноҳияи Айнӣ ворид шудаанд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, сипас, онҳо шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 24-солаи сокини ноҳияи Айниро латукӯб ва бо банд дастҳояшонро баста, 24 ҳазор сомониро ғорат мекунанд.

«Онҳо ҳамчунин ду адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Nokia N-8” ва “Samsung G-2”, таҷҳизотҳои сабткунандаи мушоҳидавиро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, - қайд мешавад дар хабар. - Зарари расонидашуда 27 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад».

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.