Бар асари садамаи ҳавопаймо дар наздикии шаҳри Алмаато 5 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, дар пайи суқути ҳавопаймои АН-28 ҳамаи панҷ нафари дохили он ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо баъди чанд дақиқаи ба ҳаво баланд шудан аз радарҳо гум шуда ва баъдан онро дар ҳолати оташгирифта аз наздикии шаҳри Алмаато пайдо кардаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфтааст, дар дохили ҳавопаймо табибон қарор дошта ва барои кумак ба беморе сафарбар шуда будаанд.